Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Албатта, ба мазмуни ҷавобнома шинос шудед?
– Ҳа.
– Ба фикри шумо Амонуллои Султон сокини ноҳияи Дарбанд чӣ хел шуда, ки ба ноҳияи Озодӣ рафта нишондод додааст.
– Вай ба ягон ҷо рафтагӣ нест, баръакс корманди милисаи ноҳияи Озодӣ бо ташаббуси хеш ба ноҳияи Дарбанд рафта, бо Амонуллои Султон суҳбат намудааст.
– Инро аз куҷо гирфтед?
– Бист дақиқа пеш ман бо ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД–и ноҳияи Озодӣ Ҷамол Солеҳ суҳбат намудам. Абдумаҷидов фишурдаи суҳбати хешро бо Ҷамол Солеҳ ба самъи Воҳид Камол расонд.
– Бисёр хуб, ки ба ин тарафи масъала рушанӣ андохтед.
Кўшиш ба харҷ диҳед, ки қотилони Абдуллои Хокироҳро рўйи об бароред. Дирўз сардори РКД–и шаҳр маҳз худаш телефон намуда, ҳамин масъаларо пурсон шуд. Прокурори ноҳия бошад ба шефи болояш занг зада, аз болои милиса шикоят намудааст.
–Ситораи шумо бо прокурор рост наомад?
– Намедонам, вале чи хеле ҳам набошад, мо бояд паҳлуи ҳам истода ба муқобили онҳое, ки қонунро поймол кардан мехоҳанд, мубориза барем.
– Намедонам чаро аксари вақт ситораи ду ҳомии асосии қонун дар як ноҳияи хурд рост намеоянд. Аз чӣ бошад, ки Абдумаҷидов муносибати полковники милиса Амириёнро бо прокурори ноҳия Сулаймонӣ ба ёд овард. Ҳамон вақте ки Абдумаҷидов ҳамроҳи муфаттиши прокуратура Сабоҳат Абдуллоевна барои ҳали муаммое назди Сулаймонӣ даромаданд прокурор аз бадбинии Амириён ҳатто шогирди ўро (Абдумаҷидов дар назар аст) фантазёр гуфт. Аз он ки Сабоҳат Абдуллоевна бо милиса бисёр наздик буд, прокурор ўро низ чашми дидан надошт.
– Чаро хомўш шудед?
– Чӣ гўям?
– Гўед ки оё мо имконияти кушодани куштори Абдуллои Хокироҳро худамон дорем ва ё ман аз РКД–и шаҳр ҳам ёрӣ талаб намоям,– Абдумаҷидовро аз вазъи ногувор бароварданӣ шуда пурсид Воҳид Камол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор