Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Як ҷиянамонро ба кор мегирифтед.
– Ягон ихтисос дорад?
Ҳотам Илёс лаҳзае ба тарафи Насим нигарист ва чун ҷавоби инкор гирифт, ҳамоно гуфт:
– Ихтисос– ку надорад, вале бо даму дуои шумо…
– Агар шумо зид набошед, ўро назоратчии барқ таъин мекунам, боварӣ ҳаст, ки аз уҳдаи ҳамин кор мебарояд.
– Албатта. Ман қарздор Саид Зайдович.
– Ўро чӣ ному насабест?
– Номаш Насим, номи падараш, ў боз ба тарафи Насим нигарист.
– Ёдгор , – оҳиста посух дод Насим.
– Номи падараш Ёдгор.
– Пасфардо соатҳои даҳ то даҳу сӣ дақиқа ба назди ман дарояд, – гўён дар он тараф гўшакро ба ҷояш гузоштанд, ки Насим гуд - гуди телефонро шунид.
– Рўзи душанбе ба назди Саид Зайдович меравӣ. Идораи барқи шаҳриро медонӣ дар куҷост?
– Ҳа, дар назди меҳмонхонаи «Вахш».
– Ана ҳамин хел додар, акнун назоратчии барқ мешавӣ.
Агар ақлатро ба ҷояш гирӣ, ҳамааш хуб мешавад. Рўзи сешанбе занг зада аз натиҷаи корат ба ман хабар медиҳӣ. Фаҳмо!
– Фаҳмо, – гўён Насим аз ҷой бархест.
Чун Насим боварӣ ҳосил кард, ки муҳаррик гарм шудааст, автомашинаро ба ҳаракат дароварда майдончаи назди фурудгоҳро тарк кард. Дар ин муддат тайёра аллакай Маъруф Остонро аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда буд. Ба пиндошти Насим дар ҳамин лаҳзаҳо тайёра ба ҳудуди ҳавои давлати ҳамсоя дохил шуда буд…
Новобаста аз он ки дар ин субҳи содиқ ҳаракати нақлиёт ниҳоят кам буд, вале барфи шабона роҳро ниҳоят лағжон намуда буд. Маҳз ҳамин ҳолатро Насим ба инобат нагирифту қариб буд, ки ба садама дучор шавад. Хушбахтона, ҳамааш ба некӣ анҷомид ва дар чорроҳа Насим ба автомашинаи аз тарафи роҳи калон омада барнахўрд. Дар ин ҷо ҳам малакаю кордонии ронандаи «Мерседес» сабаб шуду Насим бо аробаи нимдошти хеш ба зери он намонд, вагарна аз сад ҷонаш як ҷонаш намемонд. Ҳамааш шояд натиҷаи хастагӣ буд, ё кӣ медонад? Ў чӣ тавр дар чорроҳа ба тарафи рост нигоҳ накард, худаш ҳам нафаҳмид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё