Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ҷарроҳ.
– Бо кадом гуноҳ ўро музтар намудед?
– Ин қиссаи дарозест. Дар таҷрибаи корӣ ман бо чунин ҳодиса бори аввал вохўрдам. Ба хотир оварданаш бароям аламовар аст. Пўсткандаи гап ҳамин, ки зане ба хотири ишқи ҷавоне шавҳари сарватманд, вале солхўрдаи хешро ба ҳалокат расонида буд. Муфаттиши прокуратура ва гурўҳи фаврӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, онро ҳамчун ҳодисаи нохуш аз беэҳтиёти арзёбӣ карданд. Тахминан як моҳ пас аз ин ҳодиса кадоме ба прокуратураи ҷумҳурӣ мактуби беимзо фиристода, дар ҳодисаи мазкур ҷой доштани кушторро ба қалам додааст. Он солҳо ҳатто мактубҳои беимзо ҳам санҷида мешуданд. Маҳз санҷиши навбатӣ нишон дод, ки марди сарватманд тариқи ҷараёни барқ хелло моҳирона ба қатл расонида шудааст.
Баъди се шабонарўзи дар камераи нигоҳдории пешакӣ нишастан зани марди сарватманд киллерро фурўхт…
– То ин ҳодиса Ҷарроҳ бо кадом гуноҳҳо ба маҳкама кашида шудааст?
– Бо ҳамин гуноҳ, вале дар ҳарду ҳолат ҳам аз таги дор (ҳукми қатл) барои ба тафтишот ёрӣ доданаш раҳо ёфт. Бори сеюм ўро редсидивист ҳукм карданд.
– Ҳоло ў чанд сола аст?
– Қариб пой бар лаби гўр монда вале, саг ҳеҷ гоҳ аз г…
намонда, ё ба таври дигар гўем, кўзапуштро танҳо хоки гўр рост мекунад.
– Чунин мутахассисон зиёданд?
– Ба бахти мо онҳо ангуштшуморанд. Чунин мутахассисони соҳаҳои алоҳида дар тамоми собиқ СССР ангуштшумор буданд ва аз рўйи зарурият онҳоро бо фармоиш ба ҳамаи гўшаҳои СССР даъват менамуданд.
– Ба ғайр аз ҳодисаҳои нохуши барқӣ боз кадом соҳаҳо мутахассиси хешро доштанд?
– Нептун ном шахсе аз Одесса мутахассиси ғарқ намудани одамон буд ва маҳз ў солҳои ҳафтодуми садаи бист дар Тоҷикистони мо нақши худро гузошта буд ва чун дар Белоруссия ўро дастгир карданд, ҳодисаи Тоҷикистонро ҳам ба рўяш дайн карданд.
– Ҳоло ҳам мардум ба хизмати чунин мутахассисон эҳтиёҷ доранд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор