Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ў ҳамин нақлро ба ҳамкорон намуд, дигарон ҳам рўзномаро дастрас намуда, мутоила карданд ва ба Юсуф Нор ҳазорон бор ташаккур гуфтанд.
– Ҷамолиддин Карими Лоиқ аслан ҷинояткор аст ва на ҷинояткори оддӣ, балки редсидивисти ашадӣ.
– Яъне мутахассиси кори хеш.
– Бале.
– Пас чӣ бояд кард? Охир пеш аз хабарномаро ба ноҳияи Гулистон фиристодан ман бояд аниқ намоям, ки мақтул ҳеҷ гоҳ пой бар остонаи хонаи (ноҳия дар назар аст) мо намондааст.
– Барои ҳамин ҳам ман худатро ба назди ҳамин редсивидист фиристоданиам, ҳарчанд ў аз рўйи тақсимоти маъмурӣ сокини ноҳияи мо нест. Чи хеле ҳам бошад ў бо олами ҷиноӣ такрор мекунам бо звенои болоии олами ҷиноӣ алоқа дорад ва маҳз ҳамин чиз дар муайян кардани шахсияти мақтул хизмат хоҳад кард. Акнун он солҳои нобасомони паси сар шуд ва модоме, ки касе қасди ҷони ҳамин мард (ў ба расми болои миз ишора кард) намудааст, пас ин кас ҳам бегуноҳ набудагист ва аз эҳтимол дур нест, ки аъзои ҳамин олами ҷиноист. Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам мақтул зарба аз пушти сараш гирифтааст, ҳа?
– Ҳамин хел.
– Яъне ў ба коре машғул будааст ва касе ноайён ба ў наздик шуда, аз тарси ҷон бо тамоми қувва ба сараш зарба задаст.
Ҳамин хел?
– Шояд ҳамин хел бошад.
– Чаро шояд? Ҳақиқаташ бояд ҳамин хел бошад.
– Баҳс намекунам.
– Чунки далел надорӣ, бе далели аниқ баҳс намудан маъние надорад.
– Соҳаи фаъолияти Карими Лоиқ.
– Киллер.
– Тарзи иҷрои фаъолияташ?
– Ҳодисаҳои нохуш бо асбобҳои барқӣ.
– Доираи фаъолияташ.
– Танҳо дар асоси супориш (фармоиш).
– Лақабаш?

пешина
аз 558
навбатӣ