Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ривояте ҳаст, ки табибе ҳангоми аз назди қабристон гузаштан рўяшро ба дигар тараф мегардонидааст ва ин ҳолатро мардумон дида боре аз ў пурсиданд:
– Тақсир чаро дар паҳлуи қабристон гузашта истода рўятро ба дигар тараф мегардонӣ?
– Шарм медорам.
– Аз кӣ?
– Аз хуфтагони ин манзил.
– Охир роҳи ҳамаамон ҳамин аст, пас чӣ ҷойи шарм?
– Ба шумо чи хел фаҳмонам?– оҳ кашида гуфтааст табиб.
– Чӣ хеле ба худи шумо маъқул бошад.
– На ҳамаи онҳое, ки ба ин манзил реҳлат намудаанд аз дарди илоҳӣ ҷон ба ҷонофарин супурдаанд.
– Чӣ хел?
– Қисме аз инҳо (ў ба дасташ ба тарафи қабристон ишора карда) аз рўйи табобати нодурусти банда ин ҷойро манзили хеш «интихоб» намуданд...
Аз чӣ бошад, ки баъди воқеаҳои шаби 12–ум ба 13–уми апрел ронандаи деҳбаландӣ ҳам майли бо роҳи морпечи кўҳӣ, ки ба тарафи ағбаи Харгўшӣ мебурд, рафтан надошт, вале…
Роҳ – роҳ аст ва новобаста аз ҳама майлу хоҳиш зиндагӣ худаш фардро барои аз роҳ гузаштан маҷбур месозад. Субҳи рўзи 30 апрел баробари аз хоб хестан Тўйчӣ Ҷалол мардеро пеши хонааш дида, дилаш таҳ кашид. Дар як мижа задан ҳазорҳо фикру хаёл дар сараш чарх зад. Шояд компютреҳои ҳозиразамон, ки дар чанд сония имконияти ҳазорҳо амалро иҷро намуданд доранд, таҳкурсии хешро аз худи майнаи сари одам гирифта бошанд. Ҳар чанд ҳам пештар корафтодагон баъзан сари субҳ ва ё посе аз шаб гузаштан дари хонаи ўро ангушт мезаданд, вале ин субҳ…
То матлаби марди корафтодаро шунидан ў қариб дилаш аз задан боз монд ва ба қавле як маротиба мурду боз зинда шуд.
Чун ба мақсади он мард сарфаҳм рафт сараввал чи гуфтанашро надонист. Мебоист, ки ў дувоздаҳ тонна гандуми ҳамон мардро ба воситаи ағбаи Харгўшӣ то манзилаш Боғобод мебурд. Чун харитаи сафарро пеши назар овард, дилашро ваҳм зер кард, чунки ба худ қавл дода буд, ки дигар пояшро ба тарафи ҳамон роҳ нахоҳад монд, вале…

пешина
аз 558
навбатӣ