Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар рафти мавҷудияти хеш милиса дар ҳама ҳолатҳо пойбанди система буд ва бе иҷозати тағои калон ҳатто лом гуфта наметавонист.
Ҳатто барои сарварии милисаи ноҳияро ба дўш гирифтан бояд шахс аъзои ҳизб мебуд ва агар ҳизб ҳамон шахсро бо анча гуноҳе аз сафи хеш дур мекард, дар бораи дар сари мансаб мондани ў ҳоҷати сухан гуфтан ҳам набуд. Чун ҳизбҳо зиёд шуданд дар охирҳои асри бист зарурияти аъзои ягон ташкилот ва ё ҳизб набудани милиса пеш омад. Чунки худи система ҳаминро талаб мекард. Масъалаи ба ягон ҳизб дохил нашудани кормандони милиса чи хел тез ҳалу фасл шуд, вале масъалаи итоати дутарафааш монд, ки монд…
Ҳамааш барои он монд, ки милиса ҳамеша дар зери назари система бошад. Барои он ки система аз кору бори ҳомиёни қонун хабардор бошад. Барои он ки милиса бо маоши хеш ҳаргиз хона ва ё автомашина харида натавонад ва дастнигарӣ «тағояш» (система) бошад.
Тағояш ҳам аз рўйи хизмати милиса аз рўйи гапи системаро ду накардан ба қадри имкон ба милиса даст дароз мекунад.
Дар филмҳои хориҷӣ нишон медиҳанд, ки милиса бо чи гуна автомашинаҳо дар ҷустуҷўйи ҷинояткоранд. Дар мо бошад.
милиса ҳатто имконияти бо автмошина давлатӣ ба ҷойи ҳодиса рафтан надорад, автомашинаи шахсиро бошад бо чунин маоши «калон», ки аз маоши раиси ноҳия баландтар аст, дар даҳсолаҳо харида наметавонад.
Абдумаҷидов ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки бо чунин маоши ночиз ин қадар қасрҳо ва бўстонсаройҳоро раисони ноҳия, роҳбарони идораю вазоратҳо чи тавр бино кардаанд ва ин маоши калони ў ҳатто ба як даҳон нону як пиёла чой дар як моҳ намерасад ва ҳамаи ин суолҳо беҷавоб монданд, чунки касе ба онҳо ҷавоб дода наметавонист, чунки милиса дар итоати дутарафа монда ва ҳеҷ гоҳ сардори милиса барои ҳақиқат шуда курсии хешро ба гарав нахоҳад монд, ба ҷуз ин марди қайсар Воҳид Камол…
… 15 ...

пешина
аз 558
навбатӣ