Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Баъзеҳо дар он ақида буданд, ки дар боло тағояш ҳаст ва маҳз бо ёрии ў ба ин вазифа соҳиб шудааст. Баъзеҳо мегуфтанд, ки Воҳид Камол дар ин вазифа дер намепояд, чунки таҷрибаи дурусти корӣ надорад. Бархе чунин мепиндоштанд, ки Воҳид Камол ин вазифаро барои ҷаҳиш ба боло гирифтааст ва дер ё зуд ў ба вазифаи сардори РКД шаҳр таъин мешавад. Маҳз ҳамин овозаи охир Воҳид Камолро аз муборизаи рўйирости Фарҳод Азамат ва атрофиёнаш вораҳонд…
Дар асл кор тамоман дигар хел буд.
Моҳи июни соли 1991 Воҳид Камол Мактаби олии тафтишотии шаҳри Свердловский ВКД– и СССР-ро бо дипломи мумтоз хатм намуд ва дониши хубашро ба инобат гирифта, ўро ба кафедраи ҳуқуқи ҷиноӣ донишгоҳи мазкур ба ҳайси аспирант ба кор гирифтанд. Ў ҳанўз ба кор набаромада, воқеаҳои августӣ, ки дар таърих бо номи ГК ЧП бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шудааст, сар шуданд. Ҳарчанд он рўзҳо охири ин табадуллоти давлатӣ маълум набуд, вале аз он бую умеде ҳам набуд, чунки роҳбарони давлатҳои славянӣ дар фикри мустақилии хеш буданд. Маҳз ҳамон шабу рўз дисидентҳои хориҷӣ (ҷосусҳо) дар ташвиқу тағриби сохти капиталистӣ камар баста буданд ва аз ҳама тааҷҷубовараш он буд, ки дар байни ин дисидентҳо нависандагон ва академикҳои рус аз қабили Солженитсин ва Сахаров низ буданд. Маҳз Солженитсин мардуми Осиёи Миёнаро ба рудаи зиёдатӣ, ки вуҷуди касро ба дард меорад (апендисит) ташбеҳ медод ва ҳарчи тезтар буридани онро талаб мекард. Мардум бошанд аз асли воқеа бехабар кафкубӣ мекарданд. Барои Солженицин он шабу рўз тамоми воситаҳои ахбори оммаи Россия хизмат мекарданд ва қариб буд, ки ўро дар пояи пайомбари Худо Исои Масеҳ гузоранд…
Баътар мардум ба суханони ин ду демократ ва озодипараст сарфаҳм рафтанд, вале аллакай корд аз устухон гузашта буд…
Воҳид Камол ҳамон шабу рўз фаҳмид, ки миллати бузурги рус фирефтаи суханбозиҳои дасисабозон гардидааст ва аз баҳри кору хониш баромада, ба ватани аҷдодӣ омад.
Аслан он шабу рўз лейтенант Воҳид Камол аз борон гурехт бехабар аз он, ки дар Ватанаш ўро барф дунболгир аст. Вале ў аз барф ҳам наҳаросид, чунки мефаҳмид, мардум рўзе ба фитнаю дасисабозиҳои дисидентҳо, ки аз демократияю озодӣ ҳарф мезананд, сарфаҳм хоҳанд рафт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор