Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Майори милиса Абдумаҷидов баъди омўзиши ҳуҷҷатҳо ба хулосае омад, ки ҷиноят шояд ба мақсади роҳзанӣ содир гашта, мақтул дар дигар ҷой ба қатл расонида шудааст ва ҷисми беҷонаш ба соҳили дарёи Сароб бурда шудааст. Инро ҳамчун назарияи аввалини кории хеш қарор дод. Ҳамчунин ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нооромии вақтро ба инобат гирифта назарияи ҳисобборобаркунии доираҳои криминалиро ба нақшаи чорабиниҳои ҷустуҷўӣ дохил намуд. Пешниҳоди ҳардуи ҳамин назария ба муфаттиши прокуратура Сиддиқов, ки санҷиши парвандаи мазкурро Ҷўраев ба зиммааш гузошта буд, хуш омад ва аз рўйи нақшаи якҷоя ҳарду сараввал ба муайян кардани шахсияти мақтул пардохтанд…

… 12 ...

Воҳид Камол ҳамагӣ се моҳ пеш ба вазифаи сардори ШКД–и ноҳияи Гулистон таъин шуда буд. Муносибати кормандон бо сардори нав ҳар хел буд. Маҳз думравон ва балегўёни собиқ сардори ШКД, ки дар корҳои дипломатӣ таҷрибаи кофӣ доштанд, сардори навро бардор – бардор карданӣ мешуданд. Аксар кормандон дар он ақида буданд, ки сардори нав ҳам дер ё зуд дар зери нағмаи нойи муовинаш Фарҳод Азамат рақс хоҳад кард.
Албатта, то шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад ва кормандон ҳам кию чи будани подполковник Фарҳод Азаматро ки қариб нисфи умри бобаракати хешро дар тафтишот гузаронида буд, медонистанд. Ҳарчанд мардум руирост ҳам нагўянд, вале байни хеш гоҳ–гоҳ пичир–пичир мекарданд, ки тамоми риштаи коррупсияи Гулистон маҳз дар дасти ўст ва маҳз ҳамин коррупсионерон ўро ба вазифаи муовини аввали сардор бароварданд. Умуман, ҳама боварии куллӣ доштанд, ки баъди рафтани собиқ сардори ШКД полковники милиса Додарбеков Фарҳод Азамат курсии ўро соҳиб хоҳад шуд, вале…
…Аз куҷое чун борони баҳорӣ, ки кулли мардум омаданашро орзу мекунанд, Воҳид Камол ба Гулистон омада вазифаи сардори ШКД–ро ба дўш гирифт. Фикру ақидаҳо нисбат ба ин вазифаи масъулиятнок таъин намудани кадом як капитани милиса, ки ҳатто касе ўро намешинохт, ҳархела буданд.

пешина
аз 558
навбатӣ