Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Телевизор тамошо накардем, накардем. Бигузор телевизор ҳам сари ҳамон Бориқи харро хўрад…
Падараш он рўз моли дунёро чирки даст гуфт ва ана ин (мард ў ба тарафи ҷасади беҷони роҳзан, ки ба гумон буд аз моли дунё як кафан барад ё не) ба хотири ҳамон чирки даст бо зиндагӣ падруд гуфт.
Аслан он силоҳбадаст, ки бо қундоқи автомат ба синаи ў зад, худ як бозичаи дасти Бориқи хар буд. Бориқи хар низ чун ҳалқаи як занҷир дар навбати худ бозичаи дасти дигаре ва ин ҳалқаҳо то ба куҷо мерафт касе намедонист.
Гарчанде қонун ва муҳофизони қонун дар он солҳо бинобар бад будани авзои сиёсии мамлакат имконияти ба маҳкама кашидани Бориқи харро надоштанд, вале ҳар кореро подошест…
Соле пас хабар омад, ки Бориқи хар бо кадом хари дигаре сари луқмаи калоне муноқиша намуд ва ҷониби ҳамдигар қулангро зер намуданду ҳар ду ҷон ба ҷонофарин супориданд.
Шояд дуои мардумон назди Оллоҳ таоло мустаҷоб шуду ў ба ёрии бандагони ҷабридида ҳазрати Азроилро фиристод ва хас каму ҷаҳон пок шуд…
Рўзе, ки Тўйчӣ Ҷалол ба Деҳбаланд омад, ҳодисаҳои солҳои охир ба сари мардуми деҳ омадаро шунида, дарди хешро фаромўш кард.
Мардум хабар доданд, ки имрўз тифли даҳрўзаи Сорои келини Баротро ба хок супурданд. Ҳеҷ кас нисбат ба тақдири бади Соро, ки дар ҳусну малоҳат мислаш нагузашта буд, бетараф набуд. Фикру ақидаҳо нисбат ба чи тавр ба шавҳар баромадни Соро мухталиф буданд, вале маънии умумиашон як буд: – Ин ҳам бошад ҳирси молу пулпарастӣ падари Соро, ки мардум ба номаш калимаи Қорӣ Ишкамро ҳамроҳ карда буданду номи аслиаш Шаҳромро ба гўшаи фаромўшӣ дода…
Мегўянд ки чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гур ва мардум ба он ақида буданд ки чашми танги падари Сороро хоки гўр ҳам пур нахоҳад кард. Соли гузашта ў филми ҳунари «Духтар ва Албастиро» тамошо карду саргузашт ва ё ишқварзии Қудрати Барот, ки нашъаҷаллоби гузаро ва наркамани ашадӣ шуда будааст ва он Сорои қашанги мўйи марғуладоштаро пеши назар оварду мўйи баданаш рост шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор