Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Илтиҷою тавалло пеши нокас ин баробари ба гўши хар азон гуфтан аст. Қумандон якзайл такрор мекард:
– То ин падарлаъната сари як тир накунам, намемонам, то ба дигарон дарси ибрат шаваду даст ба сари аскари ҳукумат набароранд.
Дар ҳамин баҳсу мунозира буданд, ки Шамсиддин ҳамон телевизорро таги каш карда, ба хайма дароварда, ба гўшае монду илтиҷо намуд, ки ўро паронанду Тўйчиро не, чунки ба ҷуз як падари пир дигар касе надорад…
Пора аслан санги хораро об кардааст ва маҳз ҳамин пешдастии Шамсиддин дили аз санг сахти Бориқи харро мулоим кард, ки гуфт:
– Танҳо ба хотири худат додар ва бигузор ин падарқусур то қиёмат аз худат миннатдор бошад…
Тўйчиро аз дастонаш гирифта бардоштанд. Ў маҷоли ҷумбидан ҳам надошт ва кашолакунон то дохили автомашина бурданд.
– Бародар Худо як бори дигар ҷони нават дод,– гуфт мулло Раҳим, ки ҳамсинну соли Шамсиддин буд. Мўйсафеди Раҳмат, ки то ба дидбонгоҳ омадан паҳлуи ронанда менишасту акнун ба қафо гузашта ҷояшро ба ҷабрдида дода буд гуфт:
– Шўхӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб…
Тайи солҳои дар Россия будан касе пишакашро пишт нагуфт, вале он рўзи зимистон аз касофати Бориқи хару ноибаш дар пеши дари хонаашон ўро бо азобе аз автомашина фароварданд.
Мегўянд, ки захми шамшер аз ёд мераваду захми сухан не.
Ҳарчанд то имрўз аз он захмҳо нишоне намондааст, вале он дашномҳои болохонадори Бориқи хару он хари ноибаш дар гўшаш садо медиҳанд.
Чун падар аз воқеаҳои ба сари писараш омада огоҳ гашт гуфт:
– Дунё гузарон аст бачам ва ҳар чӣ ба сари миллати мо омад ин ношукри худи мост, ки ба ғазаби парвардигор гирифтор шудаем ва кадом як харе рўйи роҳ истода моро ғорат мекунаду мо об ба даҳон гирифта шиштаем, иншоолоҳ рўзе мешаваду ў дар хуни худаш ғарқ мешавад. Худоро шукр, ки зинда мондаӣ, моли дунё аз чирки даст беш нест ва бало ба паси ҳамааш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор