Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қандата хуру эътироз кун, як тир дар пешонаат…
Дар роҳи саду ҳаштод километрае, ки ба Деҳбаланд мебурд, ба ҷуз дидбонгоҳҳои майда– чуйда ва якка, ки низомипўшон худсарона ҳар ҷо, ки хуш омад мегузоштанд, боз дидбонгоҳи доимӣ, ки соҳиби номи хеш буданд, амал мекарданд.
Маҳз ҳамин номҳо вирди забони мардуми минтақа гардида буд. Аз ҷумла дидбонгоҳи Усмони дароз, Кабуди пакана, Холбойи саг, Бориқи хар ва ҳоказо…
Оҳ, он рўзҳо чӣ ифтихоре доштанд командирҳо бо ин номҳои хеш…
Шояд онҳо номҳои хешро дар пояи номи Фирдавсии Тўсӣ, Саъдии Шерозӣ, Гёте ва ё Сергей Есенин гузоштанӣ буданд.
Орзу ними давлат аст ва барои аз худ номи нек гузоштан некӣ бояд кард. Рафтори силоҳбадастон бошад аслан ба рафтори Темур лангу Пиночети шабоҳат дошт. Ҳарчи буд ва ё набуд дар он рўзҳо рафтори ҳар яке аз ин «шермандон» дар забони ҳар як роҳгузар давр мезад. Маҳз аз рўйи ҳамин номҳо ҳар дидбонгоҳ ставкаи хешро дошт. Масалан, агар дар дидбонгоҳи Усмони дароз ронанда ба сари ҳар мусофир даҳ рубл супорад дар дидбонгоҳи Бориқи хар ставка як баробар зиёд буд. Қандата хур қонунҳои ҷориро риоя накун ва ё барои ставкаи муайяншуда, ки онро шўрои олии дидбонгоҳ дар шахсияти қумандон муайян намудааст, насупор ва ё нисбат ба баланд будани ставка баҳс намо хабар намешавӣ, ки чи тавр миён ва ё гардани хеш шикастӣ. Охир хар хар аст ва бо хар шўхӣ нашояд.
Бедодгариҳои Бориқи хар дар он шабу рўз дар дили ҳар як роҳгузар даҳшат зер карда буд. Чун автомашина ба ин дидбонгоҳи бедодгар наздик мешуд, мусофирон калима ариза мекарданд, чунки касе боварӣ надошт, ки аз ин дидбонгоҳ сиҳату саломат мегузарад. Он рўз автомашинаи Шамсиддин субҳи содиқ ба роҳ баромаду танҳо дар нимаи дуюми рўз ба ин дидбонгоҳи «таърифӣ» расид. Нимаи дуюми рўз дар чиллаи зимистон, ин қарибиҳои намози аср ва анча барвақтар аз намози шом аст, ки он ба соати 17 ё 1705 дақиқа рост меояд, баробар аст. Маҳз дар фасли зимистон истеъмол нўшокиҳои спиртӣ нисбат ба дигар фаслҳои сол бештар аст, чунки гурўҳе дар он ақидаанд, ки истеъмоли нушокии спиртӣ ин ягона воситаи худро аз хунукӣ эмин доштан аст.

пешина
аз 558
навбатӣ