Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

… 10 …
Баъди ду– се рўзи дар шаҳр истодан аз бозори «Саховат» як телевизори рангаи LG –ро бо нархи дусад доллар чун туҳфа барои аҳли хонавода харида, ба ҷустуҷўйи автомашина хест. Бахташ омад карду баъди расо як ҳафта дар автомашинаи Шамсуддин ном ронанда нишаст. Телевизорро дар болои тен (палаткаи) автомашина, ки маҳз барои борҳоро ҷо ба ҷо кардан муҷҷаҳҳаз кунонида шуда буд, бо ресмон маҳкам карданд. Бехабар аз он ки маҳз ҳамин чиз боиси гапу калочаҳо гаштанаш мумкин…
Чун ба роҳ баромаданд тергав сар шуд. Кўр ҳам мефаҳмид, ки дар дохили автомашина нафаре ҳаст, ки бо пули бедарди миён сару кор дорад. Вале дар рўз ва боз дар роҳҳое, ки ҳар дақиқа даҳҳо автомашина мегузарад, касе нияти нопоки хешро оид ба аз худ намудани телевизор амалӣ карда натавонист. Ронанда ҳақу ҳиссаи дидбонгоҳҳоро аз рўйи ставкаашон маблағгузорӣ намуда, боз сари рул менишаст ва газро пахш мекард то дар рўшноӣ мусофиронро ба манзилашон расонад. Вале рўзҳои зимистон ниҳоят кўтоҳ буданду роҳҳо душворгузару дидбонгоҳҳо аз мўйи сар зиёд…
Онҳое ки бехатарии роҳро ба дўш доштанд аз бародарони дар фурудгоҳ будаи хеш камӣ надоштанд. Баръакс дар тамаъҷўйиву порагирӣ аз онҳо як сару гардан боло ва чанд фарсах роҳ пеш буданд. Барои ин асос ҳам доштанд. Чаро онҳое ки дар фурудгоҳ дар таги бинии ҳукумат буданду симои давлатро дар дарвозаи ҳавои шаҳр ба дўш дошта пора мегирифтанду инҳое ки дар кўҳу камар ҷон ба хатар гузашта давлатро аз ҳуҷуми ҳаммиллатон эмин медоранд, ором истанд. Пас зану фарзанди онҳо чӣ мегўянд.
Аз рўйи либосҳои дар тан доштаашон бо кадом сохтори қудратӣ шомил будани онҳоро муайян намудан ғайриимкон буд. Ва маҳз ҳамин ҳолат доираи «фаъолияти шербачаҳоро»
васеътар мекард. Ҳама он шабу рўз ман мегуфтанд. Ҳама командир буданд. Командири бе аскар. Командири бе пагон, ғуломи нафси хеш. Он шабу рўз нафси ҳар нафаре, ки яроқ дошт баланд буд, нафси ҳам ҳукуматиаш ва ҳам мухолифинаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор