Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мўйсафед ба ёд овард, ки ин маслиҳату машвараташ ҳам як гапе будааст, чунки дар пеши даҳони сухангў кутал нест…
«Канӣ он таҷрибаи рўзгор дар ин лаҳзаи душвор ба кор ояд»,– аз дил гузаронд мўйсафед. Ҳарчанд ў марди дар гармию сардии рўзгор пухтарасида буд, вале ҳоло дар нимароҳ, ки аввалу охираш ба чашм намерасад монда аст.
Ронанда ҳарчанд дар торикӣ симои мусоҳибашро хуб намедид, вале фаҳмид, ки ў худро бой додааст. Охир одамкушӣ ин бузкушӣ нест– ку ва дар ҳама ҳолат шахсро лозим аст, ки оқибати кирдорашро дар тарозуи ақл баркашад, андеша намояд.
Бигузор ба худ биёяд, пас ягон илоҷашро меҷўем, вале ин ба гуфтан осон.
Мўйсафед болои санги паҳлуйи роҳ нишаст ва бо сари хам байни андешаҳои хеш дода шуд…

… 9 …

Аҳволи Тўйчӣ Ҷалол аз мўйсафед беҳтар набуд. Ў мардеро мемонд, ки дар биёбон афтидаю ба кадом тараф рафтанашро намедонад.
«Албатта, мўйсафед барои зинда мондани ман қасд ба ҷони роҳзан кард. Охир ў ҳам мисли ман аз куҷо медонист, ки автомат тир надорад. Агар мефаҳмид, ҳеҷ гоҳ ба чунин амал даст намезад ва акнун ҳама гуноҳро ба гардани ў бор кардан ин номардист. Не ман ўро партофта наметавонам. Ҳарду ба ин гирдоб афтидем ва ҳарду ҳам бояд якҷоя аз ин ботлоқ бароем, вале ин ба гуфтан осон. Худораҳматии мўйсафеди бобоям дар вақташ бисёр мехост, ки ман хонда ҳуқуқшинос шавам, вале ман хонданро хуш надоштам, эрка будам ва аз қонун ҳам дур мондам», аз дил гузаронид Тўйчӣ Ҷалол.
Ў ба ёд овард, ки чи тавр боре ҳамроҳи падараш ва апаш Нигор ба клуби деҳа рафта филми ду серягии ҳиндӣ «Ҳимоятгар»–ро тамошо карданд. Он вақт ў дар синфи чор мехонд.
Пас аз тамошои филм ба хона омада ба таври хеш онро ба бобояш нақл кард. Бобояш, ки худ олими замон буд гуфт, ки хонда ҳуқуқшинос шав ва касби ҳимоячиро интихоб кун. Дар синфи панҷ мехонд, ки модараш аз дунё даргузашту ў сағира шуд.
Дилаш аз ҳама монд, аз зиндагӣ ҳам, аз мактаб ҳам. Ситораи модари угай ҳеҷ ба ў рост наомад, ҳарчанд модари угаяш зани бад набуд.

пешина
аз 558
навбатӣ