Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Исбот кардани ин баробари шикастани гардани хеш аст. Магар Икроми Қаландар роҳзан набуд. Замоне, ки автомат дар даст дошт ҳама аз ҳайбаташ чун муши дар об афтида меларзиданд. Чун олами ҳастиро падруд гуфт, муридони падараш ки сарварии ҳукумати маҳалро ба дўш доштанд аз ў қаҳрамон тарошиданд… Рафту ин роҳзан ҳам дар болоҳо почаспе дошта бошад? Фардо овоза мешавад, ки сокини қишлоқи Роғ Гул Набӣ, ки ҳама вақт аз адлу инсоф ва ҳақиқат ҷоғ зада гулўи худро медарронд, шаби гузашта ба роҳгузари бегуноҳе ҳамла оварда, ўро қасдан ба ҳалокат расонидааст. Бояд қайд кард, ки ҷабрдида яке аз нобиғаҳои аср буда, дар умри хеш мурчаеро озор надодааст…
«Ин хел шуданаш мумкин нест, роҳзан куҷою нобиға куҷо?
Охир гувоҳи рубоҳ думаш, хубаш, ки ўро дар ҳамин аҳвол монда фардо милисаро ҷеғ занед. Акнун, қонун ҷорист ва милиса ҳам кори худро медонад. Аз рўйи як – ду нохалаф шаъни як системаи калонро паст намудан аз рўйи инсоф нест»,– нидо кард хайр аз қалбаш.
«Агар қонун мебуд, магар мактаби деҳро ба номи Икроми Қаландар, ки як ҷинояткори ашадӣ буд мегузаштанд? Ҷасади роҳзанро ба ҷар партоеду ҳоло, ки дер нашудааст, пойи хешро аз ин манзил кашед, то ҷон ба саломат баред. Ҳеҷ кас дар ду дунё шуморо намеёбад. Кӣ гумон мекунад мўйсафеди ҳафтоду панҷсола марди сӣ– сивупанҷсоларо ба ҳалокат расонидааст.
Агар ҳамаи милисаҳо нобиғаи аср ҳам бошанд, ин кор ба гўшаи хотирашон ҳам намеояд, ки аз худат гумонбар шаванд.
Таърих чунинашро ёд надорад ва дар ҳодисаи имшаба таърих дар пуштибонии худат аст ва аз дарси таърих истифода набурдан ба ҷуз пушаймонӣ дигар чизе нахоҳӣ дид» – мегуфт шар ва мўйсафедро барои аз ҷойи ҳодиса ғайб задан, ки ин гуноҳро вазнинтар мекард далертар менамуд.
Одамизод худ як ҷаҳонест пур аз роз ва асрҳост, ки ин роз то ба охир кушода нашудааст. Дар замони тинҷӣ ҳамин Гул Набӣ, ки дар кураи оташи зиндагӣ пухта ва обутобёфта буд, ҳамеша маслиҳатчию машваратчии мардуми роҳгумзада буд.
Мардуми деҳ аз ў борҳо дарси мардонагию ҷасурӣ ва сабру таҳаммул омўхта, ба муроди хеш расидаанд. Онҳо Гул Набиро чун марди одил ҳақиқатҷўй ва росткор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд, вале имшаб дар танҳоӣ ҳамон пири хирад ба маслиҳату машварати фарди одӣ ҳам эҳтиёҷ дорад.

пешина
аз 558
навбатӣ