Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд мўйсафед дар торикӣ поёни ҷарро дида наметавонист, вале фаҳмид, ки ҳаёти ронанда дар сари як мўй аст. Ў ба хунукназари худ, ки дар он шаби зимистон ҳамроҳи Шодӣ ба назди қумандон Холи Зард нарафт, нафрат хонд. Ҳарчанд боварӣ пурра ҳам надошт, ки оё фарзандашро аз чанголи он даранда раҳонида метавонист ё не. Ин ормонро акнун ба гўр хоҳад бурд.
Мўйсафед фаҳмид, ки агар ба ронанда ҳодисае рух диҳад, ў низ гунаҳкор мешавад, чунки худи ронанда ду соат пештар нияти дар яке аз деҳаҳои сари роҳ таваққуф кардан дошт, вале ў ҷавонро шерак намуд ва ана натиҷаи кораш. Дар як мижа задан дар сари мўйсафед садҳо фикру хаёл чарх зад. Ў гаваккашон калид дар даст лаб лаби ҷар ба тарафи автомашина ҳаракат кард. Агар рўз мешуд, шояд поёни ҷарро дида дилаш таҳ мекашаду сарозер ба поён мерафт, вале шаб танҳо ба нафъи худу ў шуд. Мўйсафед палмосида – палмосида гаваккашон пеш мерафт. Ба назар чунин менамуд, ки садои дилашро мешунавад.
Ҳамин масофаи хурд ҳатто чанд баробар аз баромаданаш ба ағбаи Харгўшӣ душвортар шуд. Дар талоши ҷон ў бо тамоми қувва ба пеш ҳаракат мекард. Мўйсафед ба ёд овард, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ хел барои овардани забон ба разведка рафта буд ва акнун баъди панҷову чор сол боз ҳамон манзара, ки дар зери мушакҳои рўшноидиҳандаи душман гаваккашон забонро аз минтақаи немисҳо баровард, дар ҳамин шаби торик пеши назараш омад.
Ронанда занҷир ва сими эҳтиётии тарафи дигари бортро кушода онро ба тарафи худ кашид. Кашиду фаҳмид, ки имконият оҳиста фаровардани борт нест, чунки дар роҳҳои ноҳамвори кўҳӣ сангҳо қафо рафта буданд ва такя дар борти қафо доштанд. Аз ин рў ў яку якбора бортро сар дода, худро қафо партофт. Роҳзан, ки тамоми ҳушу ёдаш ба ў банд буд аз қафо ҷастани ронанда каме ҳам бошад даступохурда шуд ва худро қафо кашид.
Қафо кашиду оҳ гуфта ба замин афтид ва Тўйчӣ Ҷалол дар рўшноии хираи чароғҳои огоҳкунандаи қафои автомашина афтидани роҳзанро баръало дид, вале аз зарбаи сахти афтидани борт ва сангҳо ба замин ва садо додани онҳо садои роҳзан на он қадар гўшхарош буд…

пешина
аз 558
навбатӣ