Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Як ҳамдеҳаамон Худо умри фарзандонашро дароз кунад, маро дар мотосикли сечарха ба он ҷо бурд. То нисфирўзӣ дар таги ҳамон дулонаи сари роҳ будам. Баъд ҳамин ҷавон, илоҳо аз умраш баракат ёбад, омаду маро дида ба автомашинааш савор кард.
– Автомашина чӣ бор дорад?
– Намедонам, бало пирӣ, ҳатто номи ронандаро ҳам намедонам, чунки напурсидам.
– Набошад асоятро дар ҳамон ҷо парто ва ба тарафи ман биё.
– Бе асо ман дар рўзи рўшан ҳаракат карда наметавонам, ҳоло – ку шаб аст.
– Ягон илоҷ меёбӣ, асоятро парто ва ба ин ҷо биё.
– Мўйсафед ноилоҷ асояшро ба замин партофт ва ба тарафи овоз ҳаракат кард. Ў чунон бо эҳтиёт ва оҳиста роҳ мегашт, ки лаҳзае дили силоҳбадаст ба ҳолаш сўхт ва ронандаро пешандоз карда, ба тарафи автомашина ҳаракат кард ва мўйсафедро ҳатто ба гўшаи фаромўшӣ дод.
Чун назди автомашина расиданд, силоҳбадст амр намуд ронанда ба болои борт баромада, борашро нишон диҳад ва вақте Тўйчӣ Ҷалол гуфт, ки сангҳо калонанду ин кор ғайриимкон силоҳбадаст кушодани борти қафоро талаб кард. Майлаш гуфт ронанда, вале ман худам танҳо бортро дошта наметавонам.
– Чӣ аҳмақатро ёфтӣ, гумон дорӣ, ки ман автоматро гузошта ба ту ёрӣ медиҳам, хобатро ба об гўй!
Тўйчӣ Ҷалол ба кушодани борт сар кард ва силоҳбадаст мили автоматро ба тарафаш рост намуда, мўйсафедро ово кард.
Гул Набӣ, ки акнун нияти аз қафои онҳо баргаштан дошт овози роҳзанро шунида аз худ дарак дод.
Роҳзан боварӣ ҳосил кард, ки аз дасти мўйсафеди фартут ҳеҷ коре намеояд ва ҳушу ёди хешро ба ронанда дод.
– Канӣ тезтар,– амр кард ў. Ронанда бо азобе сими як тарафи бортро кушода ба тарафи дигар гузашт…
Мўйсафед дар рўшноии хираи чароғакҳои огоҳкунандаи қафои автомашина суроби роҳзанро дид ва аз тарафи чапи роҳ аз ҳамон тарафе, ки роҳзан меистод, яъне аз тарафи ҷарӣ ба тарафи автомашина ҳаракат кард. То пеши автомашина тахминан бист метр ва боз масоҳати автомашинаро тай кардан лозим меомад.

пешина
аз 558
навбатӣ