Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Охир давлат бехатарии муҳофизати шаҳрвандонашро ба зиммаи шумо гузоштааст ва ба ҳамин хотир мо андоз месупорем. Шояд баъзеҳо дар фикри парвоз буданду мегуфтанд, ки аз чунин гапҳои пучу бемағз дида, илтиҷо ба даргоҳи Худованд намоед то тезтар барф монаду мо парвоз намоем.
Ҳар чӣ буд ё на Маъруф Остон ба гурўҳи дуюм ҳамфикр буд, вале худро ошкор накард ва ё шояд нахост, ки боз чашмаш ба чашми ҳомиёни қонун бархўрад…
Аслан Насим кию чи кора аст ў дар як ҳафтаи шиносоӣ ҳеҷ нафаҳмид. Маъруф Остон ҳарчанд Насимро дар тарозуи ақл ронанда пиндошт, вале палаҳои тарозу бо ҳам баробар нашуданд. Дар интиҳо Маъруф Остон ба хулосае омад, ки Насим ҳам яке аз дастандаркорони олами ҷиноист.
Вақте ки ў ба фурудгоҳ омад Насимро дар ҷойи таъиншуда дид ва ба тарафи ў нияти рафтан кард. Насим бошад бо ишораи даст ўро аз роҳ боздошт. Сипас, онҳо аз қайд гузаштанд ва чун бағоҷҳоро супориданд, Насим ноайён паҳлуи вай омад ва барояш парвози хуш орзу намуд.
Ҳоло Насим дар куҷо буд ў намедонист, вале боварӣ дошт, ки то ўро гусел насозад аз фурудгоҳ нахоҳад рафт. Чаро?
Ба ин суол худ ҷавоб наёфт ва дарк кард, ки ў ва Насим акнун ҳалқаҳои як шаддаанд. Ҳалқаҳои дигарро бошад намедонад. Чун ба Москва биравад шадда нопурра мемонад ва маҳз аз ў ҳаминро талаб доранд…
Эҳ зиндагӣ, зиндагӣ рафту агар Собир чун ҳама ҷўраҳояш солим мемонд, ман имшаб ин ҷо будам… Чӣ илоҷ, ки замин сахт асту осмон баланд ва мо назди қудрати Худованд оҷизу бечора…
Ба самолёте ки бо сайрхати 631 Душанбе–Москва парвоз мекунад саворшавӣ сар шуд. Маъруф Остон оҳиста кулоҳи хеш аз рўйи абрувонаш боло бурд ва чун ҳамаро дар такопўю даводави хеш дид аз ҷой бархеста ба тарафи даромадгоҳи якум қадам ниҳод. Ақрабаки соати девории болои даромадгоҳ 0350 дақиқаро нишон медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё