Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳотам Илёс сигор даргиронд ва дар зери фаввораи дуд саҳфаи хотираҳои имрўзаашро варақгардон кард…
Сари субҳ дар ҳоле ки ў дар талвосаи ҷон дар дарёи пурталотуми кўҳӣ дастак мезад, Ороста вайро бедор кард…
– Ҳа, чӣ буд?– қариб дар куҷо буданашро аз ёд бароварда пурсид вай.
– О, бархез соат аллакай ҳафт шуд,– гуфт зан.
– Ҳозир мехезам,– гўён ў аз бистар нимхез шуд ва ҳамсар ба тарафи ошхона рафт. Ҳотам Илёс сари хоби лаҳзае пеш дидааш андеша намуд…
Аз болои кўпруки сангин, ки онро Мирзопулӣ ҳам мегўянд, гузашта истода буд, ки нохост сараш калавида ба поён рафт.
Оби дарёи Бустонак, ки дар баҳору аввали тобистон ниҳоят пуртуғён аст, вайро чун латтапораи кўҳна ғел дода то ба поён бурд, мисли оне ки чандин сол пеш маркаби бобои Назокатро бурда буд…
Хайрият Ороста шавҳарро бедор кард, вагарна об ўро алакай аз таги кўпруки ба тарафи маҳаллаи Седя мерафтагӣ гузаронида, дар сари новаи осиёби бобои Абдураҳими Карим рост карда буд ва агар ба зер мерафт чархи осиёб ҷисмашро пора– пора мекард…
Сари субҳ Ороста ўро аз сари новаи осиёби бобои Абду– раҳим раҳо кард, вале чархи қисмат аз гардиш намонд, ки намонд…
Чун ба ҷойи кор омад Шаҳноза занг зада хабар дод, ки муаллимашон акси кашидаи ўро бо нигоҳи сарде ба тахтаи синф овехтааст.
– Чӣ хел нигоҳи сард?
– Муаллим гуфтанд, ки чунин нигоҳ ба шумо зебанда аст.
– Чӣ хел зебанда,– ҳеҷ чизро нафаҳмида пурсид ў аз ҷигарбандаш.
– Муаллим гуфтаанд, ки чунин нигоҳ шуморо ба Сталин шабеҳ додааст.
– Ҳоло ҳамин хел гўй.
– Ҳамин хел дадаҷон,– гўён Шаҳноза гуфтугўи хешро қатъ кард, чунки ў худ баръало садои занги омўзишгоҳро шунид.
Аз он ки нигоҳи сард симои ўро ба Сталин шабеҳ додааст кашфиёте нест ва инро худи вай ҳам медонад, вале байни ў ва Сталин тавофутест аз куҷо то ба куҷо…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо