Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи инро сабаб он буд, ки муфаттиш аз қаҳрамони асосии ин бозиҳои хунин (Ҳотам Илёс дар назар аст) хавф мебурд. Дар ин бора ҳангоми ба нақша гирифтани амалиёти боздошт тарафҳо (милиса ва прокуратура дар назаранд) ба мувофиқаи ягона омада буданд. Тафтишот ба хулосае омад, ки танҳо баъди пурсиши Маъруф Остон амалиёти боздошти полковники милиса Ҳотам Илёс оғоз хоҳад шуд.
Сорбони Ҳомид то расида омадани муфаттиши прокуратура рўзноманигори номиро бо ҳуқуқҳои доштааш шинос намуда, худ муҳри хомшӣ ба лаб зад, то гумонбаршуда имконияти сари кирдорҳои ғайриқонуниаш андеша намуданро пайдо намояд.
Ў гоҳ– гоҳ бо гўшаи чашм ба тарафи гумонбаршуда менигарад ва боварии куллӣ дорад, ки гумонбаршуда аз банди андешаҳои печ дар печ берун нест. Маҳз ҳамин ҳолат ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ писанд аст, чунки гунаҳкор ҳам бояд имконияти дар мизони ақл баркашидани кирдори хешро дошта бошад…
– Мавҷи андешаҳо ўро аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофт ва вай ба умеди то соҳили мурод расидан дастак мезад, вале ҳеҷ не ки то ба соҳил наздик шавад. Ҳар қадар ў дар талоши ҷон дастак мезад, соҳил ҳамон қадар аз вай дур мемонд…
Сорбони Ҳомид гуфт, ки ў ҳуқуқ дорад ҳимоячӣ гирад ва дар акси ҳол давлат худаш вайро бо ҳимоячӣ таъмин мекунад.
– Ҳимоячӣ ҳам чун ғаввосест, ки баҳри наҷоти ғарқшудаистода дасту остин барзада. Ғаввос танҳо дар ҳолате худро ба дарё мезанад, ки дарё орому осуда асту равон… Дар акси ҳол ғарқшудаистода метавонад танҳо ба қувваи хеш умед бандад.
Касе ба дар ангушт зад ва Маъруф Остон чашм аз фарш барканда ба тарафи дар нигоҳ кард. Баъди шунидани овози соҳиби утоқ марде, ки ҷузвдони сурх дар даст дошт, вориди дафтари кории Сорбони Ҳомид шуд…

... 57 …

Баробари гўшакро болои аппарати телефон гузоштан вай афсўс бар он хўрд, ки Насим нест, то он сардухтури дурўяро бубинад. Рафту агар Насим зинда мебуд, имрўз шартро бой медод.

пешина
аз 558
навбатӣ