Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кӣ гуфтааст «дўғи ман туруш аст» нидо омад аз партаи охирин, ки лаҳзае пеш дар бораи номи мавзў гап зада буд.
– Шумо кӣ падари маро намешиносед, чаро чунин андешаронӣ мекунед? – ранҷида гуфт Шаҳноза.
– Ин ҷо гуноҳи мо чист? Хуб мешуд дар ин бора аз худи рассом мепурсидед, ки чаро нигоҳи қиблагоҳатонро чунин сард ба қалам додааст…
– Мепурсидам, вале афсўс ному насаби рассом нест.
– Ба интизом риоя намоед. Охир ин дарс аст овоз рўшан кард муаллим. Ба ақидаи банда аксе ки шумо мавриди баҳси хеш қарор додаед, танҳо бо нигоҳаш маъруф гаштааст. Бубин, ҳамин нигоҳ ўро ба Сталин шабеҳ додааст. Шояд мақсаду мароми рассом ҳамин бошад. Охир вазифаи хонагӣ «ин кашидани портрет ва нигоҳ дар портрет» буд, ҳамин хел не?
– Ҳамин хел, – гуфт Шаҳнозаи Ҳотам.
– Модоме ки ҳамин хел бошад, пас чӣ лозим ин ҳама баҳси мову шумо.
– Муаллим як суол мумкин – мӣ? – пурсид донишҷўдухтари дар назди тахтаи синф рост истода.
– Марҳамат пурсед?
– Мехостам фаҳмам, ки акси падари ман амали кадом рассом аст?
– Мисли ҳама аксҳои дар девор овезон буда, акси падари шуморо ҳам ман аз бойгонии хеш гирифтаам. Аз ин бармеояд, ки ман ўро дар ҳамин саҳни мактаб дидаам. Аслан ҳар як мардеро, ки ба саҳни омўзишгоҳи мо қадам мениҳаду аз чашми банда дур намемонад, ман аксашро дар дафтари хотироти хеш нигоҳ медорам ва сипас онро ба риштаи тасвир мекашам. Ин ҳама ба хотири он аст, ки ман қобилияти тахаюлотии хешро санҷидан мехоҳам. Модоме ки шумо дар акси мазкур симои падари хеш дидаед, ин боиси хурсандии ман аст. Акнун мехостам каме дар бораи падари хеш маълумот медодед ва фикри бандаро дар бораи ташрифи қиблагоҳатон ба омўзишгоҳ тасдиқ менамудед!
Шаҳнозаи Ҳотам падарро чунон муаррифӣ намуд, ки …
Дар ҳақиқат, баъди тасвири симои падар аз нигоҳи фарзанд дигар ҷойи баҳс ҳам набуд. Ҳарчанд Шаҳноза фикри муаллимро дар бораи ташрифи падар ба омўзишгоҳ рад накард, вале дар хусуси нигоҳи ба риштаи тасвир кашидаи муаллим ақидаи устоди хешро напазируфт ва бо як қатор далелеҳо фикри хешро собит кардан хост…

пешина
аз 558
навбатӣ