Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ҳафтае пеш ҳамин расми кашидаамро ба падарам нишон додам ва он кас гуфтаанд, ки нигоҳи шахсе, ки банда тасвир кардаам ниҳоят сард аст.
– Ба портрети кашидаат чи ном гузоштӣ?
– Нигоҳи қотил.
– Чаро?
– Чунки нигоҳи сард ин ҳанўз маънии умумист, нигоҳи қотил бошад ин нисбат ба як шахс аст. Ба ақидаи банда нигоҳи қотил бояд сард бошад, чунки ин сардӣ дар ниҳоди ўст ва онро танҳо бо чашми дил дидан имконпазир аст на бо чашми сар.
– Марҳамат ба аксҳои дар девор овезон нигаред ва дар бораи ҳар як расм фикру ақидаи хешро баён созед!
Донишҷў аз паҳлуи тахтаи синф гузашта, ба расмҳои дар девор овехтаи муаллим нигоҳе намуда, рў ба рўйи акси чорум аз тарафи чап истод.
– Марҳамат гап занед, – гуфт муаллим.
– Нигоҳи ҳамин акс (ў бо чўбчаи дар дасташ буда ба тарафи ҳамон аксе, ки дар рў ба рўяш қарор дошт ишора намуда гуфт) ба аслаш монанд нест.
Мисли оне, ки одамро ҷараёни пасти барқ меларзонад суханони донишҷўдухтар муаллимро ҳушёртар сохт. Бо илоҷе ў худро ба даст гирифта пурсид:
– Чаро?
Донишҷў лаҳзае хомўш монд. Ў аслан ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чи тавр акси падари ў ин ҷо афтидааст ва чаро рассом нигоҳи ўро чунин сард ба қалам додааст, чун нигоҳи қотил.
Худоё, худаш чӣ гап?
– Чаро хомўш шудед, гап занед!
– Дар акси мазкур нигоҳаш нодуруст ба риштаи тасвир кашида шудааст.
– Тарзе гап мезанед, ки гўё бо ин мард як пуд намакро бо ҳам дидаед?
– Як пуд намак ин кам аст.
– Набошад собит созед, ки чӣ тавр нигоҳи ў дар тасвири рассом сард омадааст.
– Инашро ман намедонам, вале бояд иқрор шавам, ки дар ин акс симои қиблагоҳи банда ба риштаи тасвир кашида шудааст. Ў худ мардест ниҳоят ҳалиму меҳрубон…

пешина
аз 558
навбатӣ