Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Яъне шахси тасвирнамудаи ў нисбат ба худи ў ҳамин қадар паст ва ё баланд будааст. Ҳамин нуқтаи назар дар нигоҳ миёна дониста мешавад. Дар тасаввури Робиаи Мансур қади он мард барои он баланд намудааст, ки худи ў нисбат ба Шодмони Сафар қариб даҳ– дувоздаҳ сантиметр пасттар аст ва ба замми ин духтар ҳангоми паҳлуи ҷавон ҳаракат намудан аз шарму ҳаё қомати хешро рост намегирад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ҳамон лаҳза Робиаи Мансур шарму ҳаёро пешаи хеш қарор дода аз роҳ нагузашта бошад. Ба пиндори банда ў аз рўйи одоб бо қомати каме ҳам бошад хамида ба он мард салом дода аст.
Маҳз ҳамин ҳолат дар назари ў қомати он шахсро баланд нишон додааст.
– Яъне дар нишондоди ҳарду ягон тафовути ҷиддие нест.
– Нест.
– Тайиб Аҳмадович ҳар қадар банда ба ҳамин симо нигоҳ мекунам тасаввур мекунам, ки ҳамин симо бароям шинос аст.
– Оё гуфтанӣ нестед, ки шумо ҳамин симоро дар куҷое дидаед.
– Ба фикрам ҳамин симоро дар куҷое дидаам, вале дар куҷо ба ёд оварда наметавонам.
– Дар тасаввури одамӣ гоҳ – гоҳ чунин мешавад, вале дар асл чунин нест.
– О шумо нагуфтед, ки симои дар асоси нишондоди Раънои Бозор кашидаатонро дар куҷое дидаед?
– Гуфтам ва боз мегўям, ки ҳамон симоро ба пиндори худам ман дар омўзишгоҳе, ки дарс мегўям дидаам.
– Агар чунин аст мо қариб, ки ба марра наздик шудаем.
– Чӣ хел?
– Шумо илоҷе намуда шахсияти симои дидаатонро муайян месозед, мо дар навбати хеш шахсияти ин мардеро ки ду тасвираш дар се нигоҳ омада.
– Ба фикри шумо кадоме аз мо ба марра наздиктарем.
– Гумон месозам, ки шумо.
– Чаро ман модоме ки худи шумо се нафаред?
– Чунки шумо макони ҷойи вохўриро бо он мард медонед.
Мо бошем сўзанро дар байни тўдаи коҳ ҷустанамон лозим.
– Шояд ба ман рухсати рафтан медодед?
– Чӣ ба ягон ҷо шитоб доред?
– Шитоб– ку не, аммо ба хона рафтанам даркор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо