Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар ҳақиқат чунин тасвир метавонист ба решаи ҳақиқат теша занад. Охир чӣ Робиаи Мансур ва чӣ Шодмони Сафар гуфтанд, ки баробари рў ба рў омадан ва салом додан он мард рўяшро ба дигар тараф гардонид. Дар чунин лаҳзаи кўтоҳ ба гумон буд, ки ду дилдодаи зери як чатр нигоҳи сарди ў дарк намоянд. Агар дар ҳақиқат ў шиноси Робиаи Мансур мешуд ва кирдори духтарро нишонаи беандешагии вай пиндошта нафрати хешро ақалан бо нигоҳе ба сўяш равона мекард, масъала ранги дигар мегирифт.
Рассом он чиро ба қалам додааст, ки ба асли ҳақиқии ин вохўрии кўтоҳ мутобиқ аст. Сорбони Ҳомид расми корманди милисаро ба гўшаи дигари миз гузошта, аксҳои гумонбаршудаи аслиро мавриди муҳокимаи ботинии хеш қарор дод. Ў ҳар лаҳза ҷойи расмҳро иваз мекард, то бифаҳмад он тағироту иловаҳоро аз рўйи ду нигоҳ. Ҳарчанд ҳарду акс дар ду дафтари корӣ аз нигоҳи на танҳо ду нафар, балки ду ҷинс рўйи қоғаз омада бошанд ҳам, вале ҷузъиёти умумии онҳо як буд, пас аз ин ба хулосае омадан мумкин буд, ки шахси дар кўчаи Хуросон бо онҳо рў ба рў шуда, дар нигоҳи онҳо як баҳо гирифтааст. Сорбони Ҳомид нишондоди Робиаи Мансур ва Шодмони Сафарро аз нигоҳи хеш, ки онро ба акс рассом ҳамроҳ накарда буд, баркашид. Дар тасавури духтар қади марди олимнамо баланд буд, вале дар тасаввури Шодмон ў қади миёнае доштааст. Танҳо ҳамин ҳолат як рахнаеро дар нишондоди ду нафаре, ки зери як чатр ҳаракат доштанд, ба вуҷуд оварду халос.
Чун ҳамин нуқтаи назарро соҳиби дафтари корӣ баён кард рассом сигори нимсўхташро ба хокистарқутии болои миз гузошта гуфт:
– Дар асл ҳам бояд ҳамин хел бошад.
– Чӣ хел?
– Табиати одамӣ чунин аст, ки инсон ба атрофиён аз ҳисоби қаду басти хеш баҳо медиҳад. Бубин, худи Шодмони Сафар, ки қаду қоматаш на кам аз 1,72 – 1,75 см аст, марди дар рў ба рўяшон омадаро чун марди миёнқад муаррифӣ намудааст. Аз ин бармеояд, ки қади он мард аз ду то панҷ сантиметр нисбат ба қади худи ў бо ҳама атрибутҳояш тафовут доштааст.
– Чӣ хел атрибут?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо