Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хуб шудааст,– гўён Ҳанифаи Муҳаммад аз пайи иҷрои супориши сармуҳаррир рафт ва баъди ду – се дақиқа лифофае дар дасташ вориди дафтари кории сармуҳаррир шуда гуфт:
– Муаллим, ана он мактуб.
– Онро ба дасти муфаттиш диҳед, – амр намуд сармуҳаррир.
– Марҳамат, – гўён рўзноманигор Ҳанифаи Муҳаммад он лифофа ба дасти Фирдавси Ҳаким дод.
Муфаттиши прокуратура қоғазеро аз дохили лифофа берун оварда ба он чашм дўхт:
«Ҳукумати ҷумҳурӣ мақолаи дар шумораи 43– уми рўзномаи «Айём», аз 8 октябр чопшударо мавриди муҳокима қарор дода, барои санҷиши он ба мақомотҳои дахлдор супориш дод.
Аз натиҷааш шуморо огоҳ месозем».
– Ана гап дар куҷо будааст,– худ ба худ гуфт муфаттиш ва мактубро болои мизи кории сармуҳаррир гузошт…

... 44 …

– Марҳамат гузашта шинед, – курсиҳоро дар рў ба рўйи рассом нишон дода гуфт марде, ки аз рўйи нишастан соҳиби дафтари корӣ ҳисоб мешуд.
– Ташаккур,– гўён ҳарду ҷавон ба курсиҳои рў ба рўйи нафаре, ки ҳанўз хомўш буд нишастанд.
– Ман ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД – и ноҳияи Сарчашма Сорбони Ҳомид, ин кас рассом Тайиб Аҳмад марди дар рў ба рўйи ҳарду нишастаро муаррифӣ намуд Сорбони Ҳомид ва пурсид:
– Хуб мешуд агар шумо ҳам худро шинос мекардед?
– Шодмони Сафар.
– Робиаи Мансур.
– Чун банда каму беш бо нишондоди Робиа шиносам сараввал мехостам ба он кас муроҷиат намоям.
– Хеле хуб, шуморо гўш мекунам.
– Оё шумо ба нишондоди аввалаатон ягон иловае доред?
– Бале. Илова дорам.
– Мо шуморо гўш мекунем, вале пеш аз ин аз Шодмони Сафар маъзарат пурсида хоҳиш мекардем, ки то гирифтани нишондоди иловагиатон он кас каме ҳавои тоза гиранд.

пешина
аз 558
навбатӣ