Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гуфтам– ку Маъруф Остон дар Москва аст ва ба гумон аст, ки чанд рўзи дигар ҳам шумо бо ў вохўрда тавонед, вале як чиз мусаллам аст, ў ҳаргиз фикру ақидаашро дигар нахоҳад кард.
– Ман гуфтанӣ нестам, ки ў фикру ақидаашро дигар намояд, дар ин бора ҳатто фикре ба сари банда наомадааст.
– Пас шумо чиро донистан мехоҳед?
– Ман донистан мехостам, ки оё гуфтору рафтори Маъруф Остон як ҳаст ё не?
– То кунун гуфтору рафтораш як буд, акнун намедонам.
– Чӣ хел намедонед?
– Ҳамин хел оддӣ. Марги фарзанд аз ду сар ўро шикаст додагист ва ба гумон аст, ки ў ҳамон Маъруф Остони пештара бошад.
– Гумон доред, ки ў аз ақидаҳои доштаи хеш дифоъ нахоҳад кард?
– Кӣ медонад? – Андешаҳои шуморо дар бораи мақолаи мазкур донистан мехостам?
– Модоме ки ба чопи рўзнома русхат додам, пас ман бо муаллиф ҳамақида ҳастам. Ман афсўс бар он мехўрам, ки ду моҳи охир мақомотҳои дахлдор ба таҳқиқоти журналистӣ аз паси панҷа нигоҳ намуданд.
– Акнун мақолаи мазкур дар назорати прокуратураи генералист.
– Хатто мекунед.
– Чӣ хел хатто?
– Чунки мақолаи мазкур дар зери назорати ҳукумат аст ва маҳз бо дахолати бевосиати ҳукумат шумо аз пайи санҷиши он бархестаед.
…
– Чаро хомўш шудед?
– Ба ростӣ чӣ гуфтанамро намедонам.
– Гумон доред, ки ин ҳама гуфтаю хаёли ман аст?
– Намедонам.
– Муҳаммадовна!
– Лаббай, муаллим, – ба тарафи сармуҳаррир нигариста гуфт Ҳанифа.
– Ҳамон мактуби аз ҳукумат омадаро аз котибот меовардед!

пешина
аз 558
навбатӣ