Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ниҳоят, онҳо аз ду тараф ба муқобили ҳамдигар пой бар рўйи роҳ гузоштанд ва ў ҳамроҳи Шодмон дар байни роҳ ба шахси дар рў ба рўяшон омада салом гуфтанд. Дар ҳамон лаҳза он мард нигоҳашро аз нигоҳи ду ҷавони ба ҳам ҷафс шуда гурезанд. Ҳа нигоҳашро аз нигоҳи онҳо гурезонд.
– Шояд он мард Робиаро шинохту баҳри дар хиҷолат намондани ў аз рўйи мақоли халқи «изои мўъмин ҳаром» амал кард. Ҳамон лаҳза Робиа айнан чунин гумон кард, ки мард ўро шинохт ба барои дар хиҷолат намонданаш нигоҳашро ба самти чап гурезонд. Баъди аз роҳ гузаштан Шодмон авзои ўро дида гуфт, чӣ илоҷ шабе ки мо дузд шудем моҳтоб баромад. Ист ба худ амр кард Робиаи Мансур ҳангоме ки мо қисми дуюми роҳро мегузаштем ба хотири эмин мондан аз садамаи нақлиётӣ мо ба тарафи рост нигоҳ мекардем. Чун бо он мард рў ба рў шудем, нигоҳамонро ба тарафи вай гардонидида боадабона салом додем ва дар ҳамон лаҳза ў низ нигоҳшро ба тарафи рост аз самти омадани худаш гардонд, ҳол он ки ў бояд ба тарафи чап, ба самти ҳаракати автомашинаҳо нигоҳ мекард. Яъне дар лаҳзаи вохўрӣ ў аз тарафи чапи самти ҳаракати мо меомад ва дар ҳолате ки мо бар хилофи қоидаҳои бехатарии роҳ амал карда, нигоҳи хешро ба сўи ў равона кардем ў низ самти нигоҳашро тағир дод…
Духтар ҳамин лаҳзаро чанд маротиба дар монитори хотираш тоб доду тоб…
Дар ҳақиқат ҳамааш ҳамон хеле буд, ки вай акнун ба ёд овард, чун шахсе ки милиса ҳоло гумонбараш аст, мебоист қисми аввали роҳро ба тарафи чап нигариста убур намояд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ў ба тарафи рост нигоҳ кард.
– Сабаб?
– Дар чунин ҳолат ўро ду сабаб буд, якумаш дар хиҷолат намондани духтари қадрасе, ки ўро шинохтааст ва агар чунин буд ў оқибати андешаи кирдори худ накард ва дар чунин шаби сарду намнок ба зери чархи автомашинае ҳам афтиданаш аз эҳтимол дур набуд. Аз ҳамин лиҳоз ўро наметавон олим шумурд. Охир кадом одами солимақл баҳри дар хиҷолат намондани духтараки шиносе ҷони хеш ба хатар мегузорад. Чӣ дар зери барф таги як чатр рафтани ду ҷавон гуноҳ аст магар?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо