Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

…Онҳо соати 1855 дақиқа аз таксӣ фаромада ба тарафи муқобили роҳ гузаштанӣ шуданд. Барои он вақт дар хотири ў мондааст, ки Шодмон ба суоли ронанда ки вақтро пурсид чунин посух дод: – соат 1854 дақиқа ва бо хоҳиши Шодмон ҳамон лаҳза ронанда дар рў ба рўйи мағозаи молҳои омехта таксиро боздошт. Қисмати аввали роҳро гузашта ба тарафи рост нигоҳ намуданд. Чун ҳаракати нақлиёт дар ҳамон аснои барф заррае коҳиш наёфта буд, онҳоро ба ҷуз лаҳзаи интизорӣ дигар чорае намонд. Шояд ҳамин барф буд, ки бори аввал ў ҷисми нозуки хешро ба тани Шодмон ҷафстар кард. Не, дурустараш худи Шодмон ба ў ҷафс шуд, чунон ҷафс, ки дили нозуки духтар қариб гум зад. Оҳ, ў чӣ қадар мехост ҳамон лаҳза беохир бошад, то ў тапиши дили ёрашро шунавад ва гармии нафаси ўро ҳис кунад. Не, ў худаш дар ин бора чизе гуфта наметавонист, чунки шарму ҳаё занҷири пояш буд, вале рафту агар дар ҳамон лаҳзаҳо дар шоҳидии он муждаи осмонӣ, ки ба сайри замин меомад, агар Шодмон ўро ба оғўш мегирифт ва бўсаборонаш ҳам мекард, баҳри халосии хеш чорае намеҷуст…
… Нигоҳи он марди олимнаморо, ки дар самти муқобили роҳ ба сўйи онҳо наззора дошт, намедид, агар…
Ў худ Шодмонро дар ин бора огоҳ намекард, кӣ медонад он лаҳзаи аввали муҳаббат бо чӣ меанҷомид? …
Дар рушноии чароғҳои автомашинаҳо симои он мард барояш шинос намуд ва хост худро лаҳзае ҳам бошад аз ҷанголи уқоб раҳо созад, то мабодо сардафтари гапу калочаҳои бадгўён нагардад.
Шодмон бошад бар хилофи фикрҳои ў андешаронӣ доштааст. Ў кушоду рўшан ба маҳбубааш фаҳмонда дод, ки ҳама гуна ҳаракати ғайриоддӣ метавонад шубҳаи шиноси ўро ки дар рў ба рўяшон дар самти муқобили роҳ истодааст ва агар ў дар ҳақиқат шиносаш бошад зиёд намояд.
Ба ҳамин хотир онҳо қариб, ки тағироти куллиеро дар зери чатр ба вуҷуд наоварданд ва рафту агар он мард ўро шинохта бошад ҳам, чӣ ҳам мегуфт? Охир чӣ хеле ҳам набошад сари хешро аз барф эмин доштан лозим буд ва дар чунин ҳолатҳо ба ҷуз дар зери як чатр ҷафс шудан чорае набуд. Ба замми ин ў бо ҷавони ношинос не, балки ба тани оне ҷафс шуд, ки дўсташ медораду мехоҳад ҳамдаму ҳарозаш гардад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо