Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун занги телефон дуюмбора садо дод Раъно ҳамоно гўшакро бадошт ва дар калимаи аввалини ба забон оварда, ки будани мусоҳибашро муайян карда гуфт:
– Малоҳат ин шумоед?
– Ҳа, ман.
– Тинҷӣ ҳаст, дар ин бевақтӣ занг задед?
– Тинҷӣ нест, барои ҳамин занг задам.
– О аз даҳонат шамол барад, боз чӣ гап шуд, гап зан.
– Дар бораи таркиши шаби гузашта хабар доред?
– Ҳа, шунидам, ки дишаб дар кўчаи Н.Қарабоев автомашинае таркидааст, чӣ магар он таркиш ба ин зангзадани худат ягон робитае дорад?
– Дорад.
– О тезтар сари мақсад биё ё мехоҳи манро талхакаф намои.
– Пўсткандаи гап ҳамин, ки Сарвиноз дар ҳамон автомашина будааст.
– Чӣ?
– Гуфтам, ки Сарвиноз дар ҳамон автомашина будааст.
– Дар ҳамон автомашинае ки таркидааст?
– Ҳа.
– Ў дар он автомашина чӣ кор мекардааст?
– Инашро ман намедонам.
– Шаби гузашта, расо соати 2005 дақиқа Сарвиноз аз хонаашон ба ман занг зад, пас чӣ тавр ў аз хонаашон баромада рафтааст.
– Чун Сарвиноз барин духтаронро имконияти дар хона нигоҳ доштан ҳаст?
– Не, албатта.
– Пас чӣ ҷойи шубҳа?
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ту ин хабарро аз куҷо шунидӣ?
– Як ҳамсояамон дар милисаи ноҳияи Сарчашма кор мекунад ва бо Сарвиноз каму беш шиносӣ дошт. Ним соат пештар ман бо коре ба хонаи онҳо рафтам ва ҳамин шумхабарро шунидам, эй кош намерафтам.
– Он марди ҳамроҳаш бударо нафаҳмидӣ, ки кист?
– Не, дигар ман ягон сухан пурсида натавонистам, ҳарчанд баъзан Сарвинозро чашми дидан надоштам, вале аз шунидани ҳодисаи ба сараш омада дасту по хўрдам. Ба ростӣ гиря гулўгирам кард.

пешина
аз 558
навбатӣ