Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Сарвиноз бошад ба пўстинаш кайк задаву пўстинро бо кайк якҷоя ба коми оташ ҳаво дода ҳамин хел,– пурсид Сорбони Ҳомид.
– Ба пиндори ман бояд чунин бошад, чунки рафти воқеаҳои минбаъда худ гувоҳи ҳамин ақидаанд ва барои инкор кардани онҳо ман далеле надорам.
– Модоме ки чунин аст мо ҳам бо шумо,– гуфт Қурбон Дўст.
– Суҳбат дар ҳамин ҷо ва ё дар дафтари кории шумо баргузор мегардид беҳтар буд,– гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Гумон доред, ки дар ҷойи кораш дайн намудан гуноҳаш имкон надорад,– гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Шоҳ ҳам дар мулки бегона гадо аст, чӣ лозим моро ба ҷойи кори Раънои Бозор рафтан модоме, ки моро ҷойи кори хеш ҳаст ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо даъвати мо худ ба ин ҷо омада ба суолҳоямон ҷавоб гўянд, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ин хел бошад вохўриро бо Раънои Бозор то субҳи дигар маъқуф мегузорем ва аз Қурбон Дўст хоҳиш мекунем, ки фардо, яъне 13 – уми декабр, ки ба рўзи якшанбе рост меояд Раънои Бозорро ба дафтари кории муфаттиши прокуратура даъват намояд. Чӣ гуфтед?
– Боке нест, фардо субҳ он кас ба дафтари кории шумо меоянд, гуфт Қурбон Дўст ва ҳама якҷоя аз бинои милиса берун шуданд…

… 36 …

– Алло! Алло!
– Гўш мекунам.
– Раъно ин туӣ?
– Ҳа, ман.
– Маро шинохтӣ?
– Не, бубахш, ки овоз ниҳоят паст меояд, агар малоли хотират наояд аз сари нав занг мезадӣ,– гўён Раънои Бозор гўшаки телефонро болои аппарат гузошт.

пешина
аз 558
навбатӣ