Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ин ҳамааш бофтаю хаёлоти мардум аст, чунки то кунун факултаи мазкур мухолифе бар худ надошт ва чун ҳама собиқ хатмкунандагонаш сари курсии мансабанд хатмкунандагонидигар донишгоҳҳоро аз рўйи ҳамин ихтисос эътироф кардан намехоҳанд, чунки фарзандон ва хешу ақрабояшон дар ҳамон донишгоҳе, ки мехонанд ки замоне худ хатм намудаву сари мансаб омадаанд ва бояд рўзе ҷойи онҳоро иваз намоянд.
Дар ҳамин бора ҳам соҳибмансабони мақомотҳои қудратӣ аз ҳақиқати асл чашм пўшидаанд. Бубинед, ки ба ҷойи ба дониши ҳар як фард ба таври индувидуалӣ баҳо додан худи мактабро дар шакли обстрактикӣ нишон додан мехоҳанд. Як амакам, ки ҳамон факултаи таърифии донишгоҳи милллиро тамом кардааст, бо чанде аз ҳамсабақони банда боре ҳамсуҳбат шуда хулосаи хеш бар он гуфт, ки дониши онҳо аз донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ, ки дар назди ў таҷрибаомузӣ мекарданд, аз сӣ фисад болост.
– Шояд амакатон инро ба хотири шумою ҳамсабақонатон гуфтагист?
– Ҳаргиз ин хел набуд. Якум, ки амакам хулосаи худро баъди чанд муддат дар танҳоӣ бо ман гуфт. Ўро чӣ зарур, ки дурўғ гўяд, модоме писари худаш ҳам хатмкунандаи ҳамон факултаи таърифии Донишгоҳи миллист. Дуюм амакам бар он ақида аст, ки то тағобозию ришвагирӣ корд ба решаи хеш нагирад, ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби кадрҳои болаёқат намегардад. Инро ҳама сабаб он аст, кӣ нафаре савод дораду тағо надорад ҷойи кор намеёбад, вале нафаре ки тағо дорад бо ҳама бесаводии хеш ва он дипломи дуруғинаш, ки гўё донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм кардаасту аз фалону бисмадон олимон дониш андўхтааст курсиеро соҳиб шуда, бо худситоии хешу факултаи тамомнамудааш мепардозад, то бесаводии худ бипушонад. Ба таври дигар гўем акнун пропагандаи донишгоҳҳо ҳам мавриди бизнес қарор дорад…
– Шумо ҳоло дар курси чандум?
– Дар курси чорум. Ман медонам, ки барои хатмкунандагони донишгоҳи мо дарҳои мақомоти прокуратура ва суд бастааст, чунки ин мақомотро кайҳо хатмкунандагони тағодори Донишгоҳи миллӣ ба мерос гирифтаанд, вале маро аз ин боке нест ва ман ба ҳимояи нафароне дасту остин хоҳам барзад, ки хатмкунандагони донишгоҳи ҳамсоя чун айбдоркунандаи давлатӣ баромад мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё