Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Баҳс намекунам, вале ҳатто барои собит намудани дараҷаи бегуноҳии ҳамон олими мегуфтагиатон ўро ёфтан лозим.
– Сараввал хуни дил хўрда, ўро ҷустўҷу мекунед ва сипас камари ҳиммат бар он мебандед, ки дараҷаи бегуноҳиашро собит намоед, ҳамин хел?
– Ҳамин хел. Яке аз принсипҳои фаъолияти кори мо ин принсипи инсондўстист ва мо ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки мўйро аз хамир ҷудо намоем, то нафари бегуноҳе доғи судӣ нагирад.
– Оё дурусттар набуд, ки вақти қиммати хешро беҳуда сарф накарда, аз пай ҷустуҷўйи қотили аслӣ мешудед?
– Ҳарчанд банда дар милиса коргари навам ва таҷрибаи дурусти корӣ ҳам надорам, вале милиса боз кормандоне дорад, ки аз комиссар Мегрэ15 ё Эркюл Пуаро16 кам нестанд.
– Наход?
– Бовар намоед, агар чунин намешуд, онҳо ҳаргиз нисбат ба он олими мегуфтагии шумо андешаҳои бадро дар майнаашон ҷо ба ҷо намекарданд.
– Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки шумо гумонбари дигар надоред ва дар чунин мавридҳо ба ақидаи банда танҳо як назария кифоя нест.
– Аҷиб ки шумо ҳам чун ман андешаронӣ мекунед?
– Не, баръакс ба ҳамаи гуфтаҳои шумо аз дигар кунҷ наззора кардан мехоҳам.
– Агар махфӣ набошад он чӣ кунҷест?
– Кунҷи ҳимоя.
– Чӣ шумо дар адвокатура кор мекунед?
– Ҳоло не, вале чун донишгоҳро хатм намоям аз ду сар ҳимоячӣ хоҳам шуд.
– Кадом донишгоҳро?
– Донишгоҳи андоз ва ҳуқукро.
– Чаро донишгоҳи миллиро не?
– Чӣ магар дар он ҷо саводнокиии донишҷуён бештар аст?
– Ман мактаби милисаро тамом кардам, вале мардумон бар он ақидаанд, ки факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ мутахасисони беҳтаре тайёр мекунад.

пешина
аз 558
навбатӣ