Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳамин лиҳоз банда бар он ақидаам, ки Насим Ёдгор агар дар ҷинояти воқеъ дар кўчаи Хуросон рухдода даст дошта бошад ҳам, нақши ў аз нишондиҳандаи объекти ҷиноят беш нест.
– Рафту худи қотили Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир дар таркиш даст дошта бошад чӣ? – суол дод Ҳамид Ҷовид.
– Ба гумон аст. Аз суҳбате ки банда бо Гулбарг Амон доштам, Сарвинози Зоҳирро чун хабаркаши милиса ба ў муаррифӣ намудаанд. Аз ин бармеояд оне ки хабарро ба гўши Гулбарг Амон расонидааст, аз хабаркаш будани Сарвинози Зоҳир ҳам воқиф будааст. Гулбарг Амон боварии комил доштааст, ки Сарвиноз хабари ўро ба гўши ҳамон милисаи шиносаш расонидааст ва милиса дар навбати хеш Розиқ Амонро шантаж намуда, маблағи гўшношунидеро аз пули фурўхтаи қасри дар маҳаллаи Зарафшон будааш гирифтааст. Аз он ки Розиқ Амон ҳадафи тири нохалафе гаштааст ин пеш аз ҳама саркашӣ кардан аз талаботи ҳомии қонун аст. Модоме ки ҷиноят оид ба таҷовузи духтараки понздаҳсола ба қайд гирифта нашудааст, ин пеш аз ҳама, алоқаи Сарвинози Зоҳирро бо корманди баландрутбае аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот арзёбӣ мекунад, чунки корманде, ки вазифаи паст ва рутбаи хурд дорад, ҳаргиз барои пинҳон намудани чунин як ҷинояти вазнин қодир нест ва ба замми ин мудири бонк ҳам бо чунин нафарон хола – хола карда намешинад.
– Хуш, ба фикри шумо супоришдиҳанда метавонад аз нав қасд ба ҷони Гулбарг Амон ва худи қотили Розиқ Амон намояд?
– Аз рўйи мантиқ ҳамин ҳолатҳоро низ аз мадди назар дур кардан нашояд.
– Ақидаи шуморо дар бораи кадом роҳ моро ба қотил тезтар рў ба рў мекунад, донистан мехостам.
– Пеш аз ҳама мо бояд дар манзили Сарвинози Зоҳир ва Насим Ёдгор аз ҳамин лаҳза дер намонда кофтуков гузаронем.
Бар замми ин мо бояд бехатарии Гулбарг Амонро низ ба дўш бигирем.

пешина
аз 558
навбатӣ