Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳодисаи таркиши дишаба моро водор месозад хулоса барорем, ки Ёсумани Набот ҳам дигар ба милиса имконияти ёрӣ додан надорад, чунки ў низ дар қайди ҳаёт нест.
– Дар ин бора мо ягон маълумоте дар даст надорем, пас чӣ зарурате ҳаст ба чунин хулосабарорӣ?
– Чун шумо, рафиқ подполковник, ҳангоми андешарониҳои хеш сари ҳамин масъала истода гузаштед, банда такрор кардани суханони шуморо ҷойиз намешуморам. Танҳо гуфтаниам, ки рафту агар Ёсумани Набот зинда мебуд, ҳаргиз таркиш рўй намедод…
– Фикри шумо чӣ рафиқ капитан? – ба тарафи Сорбони Ҳомид нигариста гуфт сардори ШКД.
– Аз он ки ҷинояткор чун шоҳмотбоз на як қадам, балки чанд қадам аз мо пештар аст, ҷойи баҳс нест. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ў низ чун мо бо ҷинояткорон даст ба гиребон аст. То ҳанўз мо гуфта наметавонем, ки вай шомили кадоме аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, вале як чиз мусаллам аст, ки ў шомили яке аз ҳамин мақомотҳост. Хоҳ дар милиса, хоҳ дар прокуратура ва аҷаб нест дар амнияти давлатӣ ҳам набошад, вале бо мо дар як лона аст ва аз фазои идорае нафас мегирад, ки бо ҷинояткорон сару кор дорад. Аз байн бурдани Ёсумани Набот, Сарвинози Зоҳир ва Насими Ёдгор барои мутахассисе, ки бо ҷинояткорон сару кор дорад, ягон душворие надорад, вале ин ҳанўз охири кор нест.
– Чӣ магар боз як куштори дигар ҳам дар назар аст?
– Як не, балки ду куштори дигар.
– Чӣ хел ду куштор?
– Сараввал ин ки Самохина ҳангоми аз мағоза баромадан он мардро дар паҳлуи дари тарафи рости автомашина дидааст.
Рафту дар ҳақиқат автомашинаи дишаб дар кўчаи Н. Қарабоев таркида ҳамон автомашина бошад ба ҷуз қотил боз дар он нафари дигаре сари чанбарак будааст.
Чун автомашина ба номи Насим Ёдгор номнавис шудааст, дигар, ки ҳам метавонист дар он шаби барф сари чанбараки автомашина нишинад. Ба замми ин шаби гузашта ҳангоми азназаргузаронии ҷойи таркиш ташхисгари тиббӣ– судӣ қади Насими Ёдгорро чен кард, ки он як метру ҳаштоду ҳашт сантиметрро ташкил дод. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки Насим Ёдгор умуман дар қатли Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир даст надоштааст, чунки мувофиқи самти ҳаракати тир дар дохили лифт воқеъ дар кўчаи Хуросон 25/4 қотил нисбат ба муҳофиз даҳ – дувоздаҳ сантиметр қади пасттар дошта, нисбат ба мудири бонк ҳашт – даҳ сантиметр қадаш баландтар будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё