Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди даҳ дақиқа сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Дадобоев, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ капитани милиса Сорбони Ҳомид, сарнозири минтақавӣ Қурбон Дўст ва муовини сардори ШКД оид ба корҳои фаврӣ Ғалимат Аҳмадов, ки субҳи рўзи 12 – уми декабр аз рухсати меҳнатӣ баргашта буд, рухсат пурсида вориди дафтари кории Ҳамид Ҷовид шуданд.
Сардори ШКД, ки ҳамон лаҳза тариқи телефон ба куҷое гап мезад, бо ишораи даст ҳамагонро ба нишастан даъват намуд. Баъди як дақиқа ў гўшакро ба ҷояш гузошта, ба тарафи зердастонаш нигариста гуфт:
– Аз он чӣ ки ҷинояткор ҳамагӣ як қадам пештар аз мо ҳаракат дорад, на бояд баҳс намоед. Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр вай бо як хунсардӣ ба тақдири ҳамкасбони хеш хати батлон кашидааст. Ду рўз пештар мо айнан дар ҳамин ҷо бо капитани и Сорбони Ҳомид ва муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким сари ҳамин масъала суҳбат доштем. Мо се тан байни чор девори бетонӣ дар рўшноии чароғи барқӣ. Аз эҳтимол дур нест, ки бисту чор соат пас айнан дар ҳамон соате ки мо дар ин ҷо суҳбат доштем ҷинояткор шоҳидеро ки нав шонздаҳсола шудааст, бо фиреб рабурдааст. То кунун аз тақдири он духтарак ягон хабаре нест. Дар ин бора ман лаҳзае пештар аз ШКД – и ноҳияи Сино тариқи телефон хабар гирифтам. Дар давоми бисту чор соати минбаъда боз як шоҳиде, ки метавонист ба тафтишот ёрӣ диҳад, тариқи таркиш ҳамроҳи Насим Ёдгор ном шахс, ки пештар барои фурўши маводи мухаддир суд шудааст, аз байн бардошта шуд. Ҳарчанд боварии кас намеояд, вале рафти воқеаҳо моро водор мекунанд, ки сари марги Розиқ Амон андеша намоем. Субҳи дирўз прокурори ноҳия Асад Ғанӣ бо фишори баланди хун ба беморхона афтид ва ҳамин ҳолат кори моро боз ҳам душвортар кард.. Шумо худ шоҳиди ҳолед, ки дар давоми як шаб чандин нафарон бо ҷурми даст доштан дар қонуншиканӣ дастгир шуданд. Новобаста аз ҳама барори корҳои якшаба зарар нисбати фоида бештар аст.
Бубинед, ду тан ҷони хешро аз даст додаву боз чор нафар бегуноҳи дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳо афтиданд.
Рафту агар мо дар ҷустуҷўи Сарвинози Носир ба чунин саҳлкорӣ роҳ намедодем, мумкин буд, чунин як ҳодисаи мудҳишро пешгирӣ мекардем.

пешина
аз 558
навбатӣ