Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Натиҷаи амалиётҳои муштарак буд, ки дар давоми шаби 11 – ум ба 12 декабр аз ду автомашина сию се килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла ҳашт килограмм маводи сахттаъсири героин мусодира карда шуда, се нафар шахсони дар ҷустуҷўбуда дастгир карда шуданд. Танҳо дар давоми як шаб аз болои ҳашт нафар шахсони дар зери назорати маъмурӣ буда санад тартиб дода шуд ва ҳуҷҷатҳои ду нафари онҳо барои бори сеюм вайрон намудани қоидаҳои назорати маъмурӣ субҳи рўзи 12 декабр ба суд фиристода шуд. Дар давоми як шаб як ҳазору панҷсад дона арақи навъи «Тоҷикистон»
ки аксиз надоштанд, мусодира карда шуд. Ду автомашинаи тамғаи «Камаз» бо материалҳои сохтмонӣ, ки ягон ҳуҷҷат надоштанд, боздошт гардид. Ду нафар аз рўйи занги телефонӣ бо ҷурми дуздии моликияти шахсӣ боздошт карда шуданд…
Қарибиҳои субҳи 12 – уми декабр дар дидбонгоҳи километри 9 – уми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ аз ҷайби ронандаи автомашинаи «Волво» рақами давлатиаш РТ 16 15 02 Мусофиров тапончаи навъи «Колт» ёфта гирифта шуд.
То субҳи рўзи 12 декабр шахсияти нафарони дар автомашинаи «ВАЗ– 2105» муайян карда шуд ва чунин ронанда ва мусофирзани дар паҳлуяш бударо мақому манзалате дар ҷамъият набуд, ҳодисаи рухдодаро дар кўчаи Н. Қарабоев на чун акти террористӣ, балки ҳамчун ҳисоббаробаркунӣ дар доираҳои криминалӣ арзёбӣ намуданд…
Новобаста аз он ки то ҳанўз натиҷаи ташхиси дақиқи ҳодисаи мазкур ба таври расмӣ интишор нашуда буд ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни ташхисгоҳҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия ва тандурустӣ сари ҳамин масъала майна об мекарданд, вале яқин буд, ки касе ба осоиши давлату миллат бо чашми бад нигоҳ накардааст. Ҳисоббаробаркунӣ бошад, дар олами криминалӣ як ҳодисаи рўзмарраи ҷаҳон аст.
Расо соати 1000 рўзи 12 декабр бо фармону супоришҳои идораҳои марбута ҳолати пурзўри хизмат дар сохторҳои қудратии кишвар дар қаламрави шаҳр бекор карда шуд…
Соати 1130 дақиқа сардори ШКД – и ноҳияи Сарчашма Ҳамид Ҷовид аз маҷлиси мушовара, ки дар бинои раёсати шаҳрӣ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ ва прокурори генералӣ баргузор гардида буд, баргашта ба навбатдор супориш дод, ки гурўҳи фаврӣ – тафтишотиро аз рўйи парвандаи ҷиноятӣ рақами 466 оид ба ҳодисаи куштор дар кўчаи Хуросон ба назди ў даъват намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё