Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Албатта, чунки давлат ҳаст ва сардор ҳаст. Давлат ҳаргиз дасти марҳаматашро аз сари онҳое, ки шабу рўз дар ҳимояаш ҳастанд дур нахоҳад кард ба шарте ки сардор дарду ғами зердастонро ба гўши давлат бирасонад. Ман аминам, ки муҳтарам Ҳамид Ҷовид айнан ҳамин хел рафтор намудааст ё гапам нодуруст– мӣ?
– Не, ҳамааш дуруст. Тафаккури мантиқии шумо муҳтарам муфаттиш ба фикрам хело тараққӣ кардааст.
– Набошад чӣ? – хандида гуфт Фирдавси Ҳаким.
– Беҳтар мешуд, ки сари муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ мегузаштем ба баҳси Сорбони Ҳомид ва Фирдавси Ҳаким нуқта гузоштани шуда, таклиф намуд сардори ШКД.
– Аслан дар ин намози шом бандаро фикре ба ин ҷо овард.
– Шуморо гўш мекунем,– гуфт Ҳамид Ҷовид.
– Имрўз банда ҳамсари Розиқ Амонро ба ҳузур пазируфтам. Ба ростӣ, ҳар он чӣ ки вай гуфт дар мизони ақл намеғунҷад.
– Мо ҳамаашро медонем. Пасту баландиҳои зиндагӣ ҳамин аст. Мо фаҳмидан мехостем, ки аз саргузашти Гулбарг Амон куҷояш шуморо ба риққат овардааст?
– Рафиқ подполковник банда бар он ақидаам, ки ҳодисаи ба сари Розиқ Амон омада, ба ҳаёти дигар кас ҳам хатар оварданаш мумкин аст.
– Хуш, шунавем.
Муфаттиш дар бораи суҳбати хеш бо Гулбарг Амон сардори ШКД ва ваколатдори кофтукови ҷиноятиро огоҳ кард.
Ҳангоми суҳбат бо капитани милиса Сорбони Ҳомид бошад, ў аз ифшо намудани номи хабаркаш ва ҳамчунин духтараки ҷабрдида худдорӣ намудааст, муфаттишро огоҳ сохт Ҳамид Ҷовид.
– Ин ҳамаро сабаб он аст, ки капитани милиса дар замоне бо ҳамсари марҳум вохўрдааст, ки қаҳру ғазабашро интиҳо набудааст, ман бошам баъди бисту чор соат ўро ба ҳузури хеш даъват намудам ва дар ин муддат қариб, ки он ҳавобаландиҳо таҳшин шуда буданд. Ҳамааш ба шарофати Сорбони Ҳомид шуд ва ў ба дили бевазан роҳ ёфта, асли воқеаро рўйи саҳна овард, вагарна кӣ медонист мо боз сари ин масъала чанд рўзи дигар майна об мекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё