Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хуб мешуд, ки ҳисобӣ карда мерафтед.
– Даҳ сомон.
Муфаттиш бо ў ҳисобӣ кард ва пешхизматро бори дигар огоҳ намуд, ки фардо дар нимаи дуюми рўз меояд.
– Сари субҳ чун Раъно биёяд мо ҳамаашро аниқ мекунем,
– гўён пешхизмат бо ў худоҳофизӣ намуд.
Фирдавси Ҳаким баъди тановул рўйи роҳ баромад ва таксиеро манъ намуда рост ба милиса омад. Чун дар бораи Сорбони Ҳомид пурсид, навбатдор хабар дод, ки ҳамагӣ ду – се дақиқа пеш ба назди сардор даромад. Муфаттиш низ лаҳзае пас ба дари дафтари кории сардори ШКД ангушт зад…

… 23 …

– Марҳамат гузаред, – шунид ў овози соҳиби дафтари кориро ва дарро кушода пой бар остона гузошт.
– Оҳҳо, киро мебинам, – ба истиқболи муфаттиш аз ҷой бархест Ҳамид Ҷовид ва баъди салом Фирдавси Ҳакимро ба нишастан даъват намуд.
Муфаттиши прокуратура дар рў ба рўйи Сорбони Ҳомид сари мизи корӣ нишаст.
– Капитани милиса ҳам лаҳзае пеш аз шумо омад. Хайрият омаду чароғро фурўзон кард, вагарна банда то ҳоло ҳам дар оғўши торикӣ будам.
– Ин ҷо нисбат ба утоқҳои кории мо хело гармтар ё аллакай буғро сар доданд?
– Буғро– ку не, вале мо роҳи аз сардӣ халос шуданро ёфтем ба суоли муфаттиш посух дод ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Хуш чӣ хел роҳ будааст?
– Гармкунаки барқӣ харидем, нархаш саду бист сомон, марҳамат, ана нигоҳ кунед, гармкунакро, ки ба ҷараёни барқӣ пайваст шуда буд, – нишон дода гуфт Сорбони Ҳомид.
– Шумо ҳам харидед? – пурсид Фирдавси Ҳаким.
– Ҳамаамон харидем. Бовар накунед рафта бинед.
– Не, чаро бовар намекардам. Маълум, ки муҳтарам сардор дар фикри саломатии зердастонаш ҳаст ва бо боварӣ метавонам гўям, ки ҳамаи ин гармкунакҳо бе пул омадагӣ?
– Чӣ хел бе пул, магар дар ҳамин замона ягон чизро бепул гирифтан мумкин аст?

пешина
аз 558
навбатӣ