Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Инҳо аз куҷо? – гӯён ман он расмҳоро ба даст гирифта ба курсӣ такя намудам.
– Аз бойгонӣ.
– Худоё, худаш чӣ гап?
– Чӣ касеро шинохтӣ?
– Он ин расми ҳамон нафарест, ки ману Анор дар байни ошёнаҳои панҷум ва шашуми бино дида будем.
– Кадомаш?
– Ана ҳамин кас.
– Шояд хатто карда бошед?
– Не, бе хатто мегӯям. Ман ӯро ҳатто дар рӯзи ҷанозаи Беназир ҳам дида будам.
– Дигар ягон нафарашро нашинохтед?
– Не, ба ҷуз расми Файзиддин, истед ки ин расмҳоро аз куҷо дастрас намудед?
– Аз ҷомадони раис.
– Чӣ?
– Он чӣ ки шунидед.
– Чӣ тавр?
– Пиразане моро ба кулбааш даъват намуду ҷомадонро бароямон пешкаш кард.
– Ӯ Файзиддинро шинохт?
– Фардо мо ҷисми вайро барои шиносоӣ ба пиразан нишон медиҳем. Ҳа, дар воқеъ раис дар ду ҳафтаи охир дар ҳуҷраи ҳамин пиразани бекасу кӯй иҷоранишин будааст.
– Фамилияашро муайян намудед?
– Аз рӯйи шиносномааш Маликов Файзидин Сафолович.
– Ҷойи таваллуд ва истиқоматаш?
– Ҷойи таваллудаш ноҳияи Сабзазор. Дар кӯчаи Қаҳрамон, хонаи 117, ҳуҷраи 31 ба қайд гирифта шудааст.
– Чӣ дар он ҷо зиндагӣ намекардааст.
– Не.
– Чӣ хел?
– Чунки дар он хона Маликови аслӣ зиндагӣ мекунад.
– Шуморо нафаҳмидам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор