Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд ёбу гир. Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Воҳид Камол аст, ки мегӯяд:
– Дурная голова ногами покоя не даеть.
– Манзуратон бод, ки ҳаргиз мард бо мӯйлаби сунъию риши нотарошида ба вохӯрӣ намеравад,– боз ба ёд овардам суханони муфаттишро…
Мо ҳамон шаб ҳамаи сокинони биноро, ки аз қабати панҷум боло зиндагӣ мекарданд пурсидем, вале ҳамагон моро бовар кунониданд, ки касе дар меҳмонии онҳо набуд. Бовар намудем, чунки мо дар чунин рӯҳия тарбия ёфтаем. Пас он мард аз куҷо баромад? Афсӯс бар он хӯрдам, ки дар рӯзи ҷаноза ақалан маросими видоъро дар телефони дастӣ сабт накардам.
Албатта, чунин амал барои мардуми мусулмон мамнӯъ аст, вале баҳри сафед намудани худ ҳам мо асос доштем.
Дар кушода шуду Наврӯз Умар вориди дафтари кориам шуда, ба курсие нишаста пурсид:
– Хуш, корҳо чӣ хел?
Банда аз натиҷаи сафарам дар шакли кутоҳ вайро огоҳ намудам.
– Се ҳазор доллар?
– Бале.
– Боз чӣ?
– Ин даъфа ман аз шиносоӣ бо ташхиси баластикӣ низ вайро огоҳ намудам.
– Ду куштор аз ду навъи яроқ?
– Ҳа.
– Тафтишот дар ин бора чӣ андеша дорад?
– Рафту агар прокурор розӣ шавад, фардо дар манзили Беҳрӯзи Ниёз кофтуков мегузаронем.
– Воҳид Камол ҳам дар чунин андеша аст ва афсӯс бар он мехӯрад, ки ҳамон ду хонаро ба зери назорат нагирифтем.
– Мо метавонем ҳамин хаттои худ ислоҳ намоем.
– Ҳозир?
– Албатта.
– Ман дар ин бора бо сардор маслиҳат мекунам, ҳа дар воқеъ гӯён Наврӯз Умар аз байни коғазҳои дар дасташ буда, чанд расмеро бароварда пеши ман гузошт.

пешина
аз 515
навбатӣ