Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту агар Файзиддин роҳзан ё бандит мебуд, пас чаро ӯ ба чунин як вохӯрии тақдирсоз дасти холӣ рафт. Мо ба фикрам ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз ҷайби ӯ таппонча наёфтем.
– То шахсияти вайро пурра муайян насозем, хулоса барориамон мушкил мегардад, ба замми ин қотил ҳам метавонист баъди тирро ба пешонааш ҷо ба ҷо намудан таппончаашро бемалол гирифта бо худ бубарад.
– Анори Зокир ҳамчунин дар нишондодаш овардааст, ки вақте мо аз роҳ ба самти бино мегузаштем дидем, ки касе аз баромадгоҳи хона берун шуд ва аз паҳлӯи бино тоб хӯрда, ба қафо рафт. Дар қабати панҷуму шашуми бино бошад, шумо бо он марди мӯйлабдор вохӯрдед ва чӣ хеле дар суҳбати гузаштаамон иброз намудед, ӯро ҳамагӣ ду ё се рӯз пештар дар ҷанозаи Беназир дида будед, ки ҳатто мӯйлаб ҳам надоштааст.
– Айнан ҳамааш ҳамин хел буд.
– Рафту он мард дар меҳмонии касе буд?
– Мутаассифона, ҳамаи онҳоеро, ки аз қабати панҷуми бино боло зиндагӣ мекунанд ба ҷуз ҳамсояи Анори Зокир ҳамон шаб пурсиданд, вале ҳамагон бо як овоз арз намудаанд, ки касе дар меҳмонии хонадони онҳо набудааст.
– Дар қабати ҳафтуми бино зани танҳое зиндагӣ мекунад?
– Шуморо фаҳмидам, вале манзуратон бод, ки ҳаргиз мард бо мӯйлаби сунъию риши нотарошида ба вохӯрӣ намеравад.
– Пас ӯ дар он шаб аз куҷо баромад?
– Аз ду хонае, ки дар шафати ситораҳоянд.
– Ҳуҷраи дуюмаш гуфта кадом хонаро дар назар доред?
– Хонаи Беҳрӯзи Ниёзро.
– Дар хонае, ки соҳибонаш нестанд, ӯро чӣ матлабе буд?
– Аз куҷо донам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама асрори ниҳон он ҷост. Ман бисёр мехостам шумо сари ҳамин масъала андеша намоед ва барои гузаронидани кофтуков розигии шефатонро бигиред.
– Дар ин муддат он хона дар зери назорат буд?
– Не.

пешина
аз 515
навбатӣ