Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ӯ худ метавонист қотили Беназир бошад ва ба талаби ҳиссаи худ омада, бехабар аз он ки супоришдиҳанда нисбат ба худи вай маккортар аст.
– Аз он чӣ қотили Беназир мард аст мо бояд шубҳа накунем.
– Чаро?
– Чунки таппончаи тамғаи Макаров ниҳоят таппончаи сахт аст, мисли аспе, ки сахтлаҷом аст ва на ҳар кас ӯро идора карда метавонад. Дар масофаи бисту панҷ сӣ метр дар шаб ба нишон расонидан аз чунин навъи таппонча кори осон нест ва танҳо мардеро ин кор даст медиҳад, ки бо чунин навъи тапонча як умр сару кор дорад. Худатон қазовот намоед, ки Анори Зокир дар нишондодаш овардааст, ки Файзиддин аз раис дида, ба роҳзан ё бандит монанди бештаре дошт. Ба замми ин ҳамсояаш Беҳрӯзи Ниёз ба гӯши Анори Зокир расонидааст, ки Файзиддин дар кадом як корхонае, ки характери ҳарбӣ дорад кор мекунад.
– Чӣ тавр чунин як фард метавонад худро ҳамин хел осонакак қурбони тири дигаре созад.
– Ин ҳамаро сабаб он аст, ки ӯ чӣ ба қотил ва чӣ бо мақтул шиноси наздик будааст ва дуюми ҳаргиз ба гӯшаи хотир ҳам наовардааст, ки дӯсташ лаҳзае пас тирро дар пешонааш ҷо мекунад.
– Рафту вай агар барои шантаж ҳам мерафт бояд аз бехатарии худ андеша мекард.
– Ба фикрам ӯ мақоли душманат гар пашша бошад камтар аз филаш мадонро ё нашунида будааст ё онро сарфи назар намудааст.
– Қотили вай зан шуда метавонад?
– Албатта. Аз санҷаи дар то ҷойи нишасти вай аз се чор метр беш нест ба замми ин чӣ аз ТОЗ ва чӣ аз тапончаи навъи Марголин, ки ниҳоят куроки сабук доранд кӯдак ҳам ба нишон расонида метавонад на ин зане, ки баҳри чунин вохӯрӣ омодагӣ дидааст.
– Аз рӯйи мантиқ бад не, вале як ҳолатро шумо мадди назар намудед.
– Кадом ҳолатро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор