Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ин ман боз бо чанд тан аз ҳамдеҳагони Беназир вохӯрда, дар нимаи дуюми рӯз аз Чанор баргаштам.

.... 23 ....

Чанд рӯз боз ман муфаттиши прокуратураро надида будам ва имрӯз ҳангоми бозгашт аз Чанор бар хилофи ҳама одатҳои пешинаам, дар рӯ ба рӯйи прокуратура фаромадам.
Чун пой ба остонаи дафтари кории Фурӯғи Шариф гузоштам, ӯ ба истиқболам аз ҷой бархеста гуфт, ки ин субҳ сари қадам ба милиса даромадааст ва чун фаҳмидааст, ки аз дирӯз боз банда ба Чанор рафтам аз санҷаи дар пас гаштааст. Бо ҳидояти вай ман ба курсие нишастам ва муфаттиш нигоҳи маънидоронаашро ба сӯям дӯхт. Ман аз ҷузвдони чарминам, ки бандаро дар кулли сафарҳоям ҳамроҳ аст, нишондоди чано-риёнро бароварда, болои мизи кории вай гузоштам.
– Як чой монам?– пурсид муфаттиш ва чун ӯ посухи рад гирифт ба қироати он бозёфтҳои банда пардохт. Дар ҳамин муддат ман бо рӯзномае, ки дар як гӯшаи мизи кории вай буд каме ҳам бошад шинос шудам.
– Хайр чӣ хел?
– Чӣ?
– Рӯзнома.
– Бад не модоме, ки талошакро дар сиёсат пешкаши хонандагон намудаанд.
– Нигоҳи шумо ба мақолаи «Россия бо Шарапова ҷанг эълон мекунад» чӣ хел аст?
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан, Дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст10.
– Ба ростӣ ман ҳам ба номи Мария Шарапова11 ифтихор мекунам, чунки ӯ дар мамлакате ба дунё омадааст, ки замоне моро ҳам ватан буд12. Дар мамлакате, ки падару бобоёни мо баҳри ҳифзи марзу буми он ҷонбозиҳо намуда, қисми зиёди онҳо ҷони худро дар ин роҳ аз даст додаанд.
– Умед Мансурович13 ба хонанда чӣ пешниҳод карданашро медонад.
– Умед Мансурович ба хонанда ва шумо ба тафтишот.

пешина
аз 515
навбатӣ