Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ман фаҳмидам, ки Беназир баҳри пул шуда ба шантаж даст задааст бехабар аз он ки чоҳканро чоҳ дар пеш аст...
– Ман донистан мехоҳам, ки «туҳфа» – ро кӣ баҳратон ирсол намудааст?
– Акнун ин чӣ аҳмият дорад.
– Баҳри тафтишот хурдтарин ҷузъиёте ҳам аз аҳмият холӣ нест.
– Вале ман қавл додам...
– Ба хотири дарёфти ҳақиқат шумо бояд…
Ман акнун фаҳмидам, ки он чӣ асрорест. Ҳарчанд сад фоиз ҳам набошад, ман наваду нуҳу аз сад наваду нуҳ фоиз боварӣ доштам, ки ин кори собиқ модари угайи Сулҳия аст. Беназир дар Евпатория баҳри Анори Зокир компромат тайёр намуд, беха-бар аз он ки худи дугонааш ҳам баҳри забони вайро бастан чунин як расмеро бо кадом воситае ба даст овардааст. Рафту агар Беназир мефаҳмид, албатта, расмро нест мекард, вале...
Ҳаркӣ кишти кардаи худ медаравад ва дар ин ҷода Анори Зокирро ҳам гунаҳкор кардан нашояд. Шумо худ шоҳид, ки Беназир бо вай чӣ кард...
Сари субҳ ман бо аҳли оилаи Ардашер худоҳофизӣ намудам ва ба хонаи волидайни Беназир рафтам. Акнун, ки банда дар бораи тарзи зиндагии Беназир маълумоти бештаре доштам, ба чанд суоли худ аз падару модари собиқ ҳамкорам, ки ҳафтае пеш ҳадафи тири кадом худобехабаре қарор гирифта буд, посухи мукаммалтар гирифтам. Онҳоро, ки акнун марги ҷигарбандашон, ба қавле ба замин зада буд, баҳри дарёфти ҳақиқат аз сухани рост, ҳарчанд он суханонро ба забон оварданашон осон набуд, ин даъфа саркашӣ накарданд. Падару модари Беназир иқрор шуданд, ки дар як соли дар милиса кор кардан Беназир барояшон се ҳазор доллари амрикоӣ фиристодааст. Ҳамаашро албатта яку якбора не, вале қисм – қисм, ки дар маҷмӯъ чунин маблағро ташкил медиҳад. Онҳо гумон доштанд, ки духтарашон аз ҳисоби маошаш ба падару модараш ёрӣ медиҳад, вале акнун андешаи онҳо ҳам дар ин бора дигар шудааст, яъне ба гуфти падару модар Беназир дар кадом амалиёти ғайриқонуние даст доштааст ва он чӣ гуна амалиёт аст онҳо намедонанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор