Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ё пирам,– гӯён ӯ бо такяи дастонаш, аз болои ҷойнамоз бархост ва дарди ҷонкоҳи пойи рост ва миёнашро ҳис карду лаҳзае ба девор такя намуд. Сипас деворро палмосида – палмосида чанд қадам ба қафо, то пушти дар ҳаракат кард ва тугмачаро зер кард. Хона равшан гардид ва табъи соҳибхона ҳам каме болида шуд.
– Чӣ бузургест ин нури Илич, – бо овози шунаво бигуфт пиразан, оне ки як сол боз ба хотири фурӯзон намудани чароғи охираташ сари тоату ибодат аст.
– Не, дар ин бора Зӯҳро Шафиевнаро гунаҳкор кардан аз рӯи инсоф нест. Охир чи ҳам метавонад гӯяд шахсе, ки тайи ҳафтод сол «ҳар нафас ҳар қатра хун, ҳар тори мӯяш коммунист» буд.
– Не, дар ин бора ӯро гунаҳкор кардан маъние надорад ва агар ӯ хатое ҳам содир карда бошад, танҳо дар тарбияи «мағзи донакаш»1 содир намудааст.
Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки чунин як коммунисти матин зане, ки то ба вазифаи сарвари аввали ҳизби ноҳия расидааст, фарде, ки борҳо динро афюн номидаву диндоронро таҳқир намудааст, имрӯзҳо ду даст пеши бар назди офаридгори бузург саҷда меорад ва аз ӯ авф мехоҳад, то роҳи қиёмати хешро рӯшан созад.
Ҳафтае пеш ӯ ба воситаи телевизион дар иҷрои ҳофизи мумтоз Умар Темур сурудеро бар ашъори Мавлонои Балх шунид, ки то кунун ду мисраи онро зери лаб замзама мекунад:

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ ,боз о, бар даргаҳи дӯст.

Шайтон ноумед гуфтаанд, банда ҳамеша бо умед аст, умед бар он дорад, ки Худои меҳрубон лакбахш аст.
Аз Субҳия то кунун хабаре набуд, ӯ дар куҷо мегашту чӣ фикре дар сар дошт касе намедонист. Ҳатто бо ҳама таҷрибаю дониши дунявии хеш пиразан ҳам илми ғайбро намедонист.
Охир ба ҷуз Офаридгор дигар касе аз илми ғайб огоҳ нест.
Ниҳоят ӯро фикре ба сар омаду оҳиста – оҳиста то паси тирезаи балкон рафт.

пешина
аз 515
навбатӣ