Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар ҳоле ки синаш қариб ба чил наздик мешуду сарварии ташкилоти партиявии корхонаи калонеро ба дӯш дошт, бо ронандаи автомашинаи хизматиаш бинобар сарторик шуданаш зуд издивоҷи расмӣ намуд. Баъди таваллуди духтараш Сулҳия шавҳар бо чи азобҳое ҷони хешро аз чанголи ин модагург раҳо сохт ва дигар на ёди ӯ карду на ёди тифли навзодаш…
Сулҳия нисбат ба модараш, ки он вақтҳо котиби аввали ҳизби ноҳияро ба дӯш гирифта буд, қобилтар баромад ва баробари ба курси якуми факултаи зооветеринарӣ дохил шуданаш, ба дили яке аз ҳамсабақонаш чунон пайкон зад, ки он бечора аз тарси аз донишгоҳ ронда нашуданаш ба никоҳи расмӣ розӣ шуд. Бо анҷоми курси якум Сулҳия модари азизаш Зӯҳро Шафиевнаро бо унвони бузурги бибӣ сарфароз намуд… Баробари хатми донишгоҳ ба ҳамаи дӯғу пуписаҳои Зӯҳро Шафиевна нигоҳ накарда, домод хати талоқи духтарашро ба дасташ дод. Аз чи бошад, ки домод ҳам боре ёди ҷигарбандаш накард ва баъди ба садамаи автомобилӣ дучор шудани Сулҳия нишонаи ягонаи умри ӯ дар тарбияи бибиаш монд. Зӯҳро Шафиевна тамоми шароитҳоро баҳри набера фароҳам овард, то ӯ сағира будани хешро ба ёд наорад. Мактаб хононд, ба факултаи иқтисодии яке аз донишгоҳҳои бонуфуз дохилаш намуд ва анна, натиҷааш аз сари субҳ рафтаву то кунун аз ӯ хабаре нест, ҳарчанд Субҳия дар басти аввал таҳсил мекунад, аммо чунин дермонӣ бори аввал набуд. «Оқибат гургзода гург шавад, гарчи ба одами бузург шавад» ба ёд овард ӯ мақоли халқиеро ва дилаш фишурда шуд…
Аз Субҳия то кунун на пай буду на хабар.
– Дар торикӣ намоз гузоштан ҷоиз нест,– ба хотир овард суханони бибихалифаи маҳалларо, ки аз худаш чил сол хурдтар бошад ҳам, вале ба вай ҳукми устодӣ дошт.
Акнун ӯро ба ҷуз аз ҷой бархестану чароғро фурӯзон намудан дигар чорае намонда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё