Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

НИГОҲЕ БО БАҲОИ ҶОН
Шом фаро расид. Рушноӣ оҳиста – оҳиста ҷояшро ба зулмот медод. Хонаро аввал пардаи ҳарири тунук ва рафта – рафта пардаи ғафси сиёҳ ба оғӯш гирифт. Пиразан дар торикӣ болои ҷойнамоз монд.
– Эҳ кош Субҳия меомаду тукмачаи чароғаки барқиро зер мекард,– гуфт худ ба худ кампир.
Ба ҳамин умед ӯ боз чанд лаҳзае болои ҷойнамоз беҳаракат истод, вале аз Субҳия ҳеҷ дарак набуд. Шаби гузашта ӯ бо наберааш сари ҳамин масъала хело суҳбат кард, аммо маълум гардид, ки ҳамаи он насиҳатҳо аз як гӯши набера даромада, аз дигараш баромада рафтанд.
– Рост гуфтанд, ки «сағира ба мақсад мерасаду сағирапарвар не», – зери лаб ғур - ғур кард.
Дили пиразан ба ҳоли хеш бисӯхт. Рафту дар вақташ аз пайи мансаб намешуду чароғи хонаеро фурӯзон мекард, имрӯз ба чунин ҳол намеафтид…
«Худкардаро даво нест», – нидо омад аз қалбаш.
Баҳс накард. Охир чӣ ҳам мегуфт? Бо ин қалби сангини худ, ки ҳар лаҳза болои сӯхта намакоб мепошад. Дар торикӣ бошад ҳам мавҷи хаёлоташ ба дуриҳои дур парвоз кард ва ҳамаи инро сабаб Субҳия, он набераи шабгардаш буд…
Баъди хатми Донишкадаи омӯзгорӣ муддате дар яке аз мактабҳои дурдасти кӯҳистон аз фанни забони русӣ ба хонандагон дарс гуфт. Забони Пушкину Лермонтов ӯро чунон шефтаи худ намуданд, ки урфу одатҳои ҳазорсолаи гузаштагонашро ба гӯшаи фаромӯшӣ дод. Ҳатто аз пӯшидани пероҳани миллӣ шармаш меомад.
Партияи ҷоноҷон, ки ақлу хирад ва виҷдони чунин сарсупурдагон буд, дар ҳама ҷо чашму гӯши хешро дошт ва ҷасорату матонати ин духтари кӯҳистониро қадрдонӣ карда, ӯро сарвари кумитаи комсомолии ноҳия таъйин намуд. Котиби аввали кумитаи партиявии ноҳия шахсан худаш ӯро раҳнамою сарпараст гашт ва соле пас бо тавсияи хеш вайро ба мактаби олии партиявии шаҳри Тошканд фиристод.
Албатта, ҳамаи ин хизматҳои сарвари ноҳиявии партия ройгон набуд ва доништалаби оянда тайи чандин сол бо ӯ дар муносибати маҳрамона қарор дошт. Дарвозаи шаҳрро баста мешаваду забони мардумро не гуфтагӣ барин дар бораи «муҳаббати ниҳонии» котиби аввали комсомол ва сарвари коммунистони ноҳия ҳар гуна хабарҳо пайдо гардиданд ва ин сабаб гашту ӯ пирдухтар монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё