Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Курсии чубинеро, ки дар хона ҷои хеш наёфта буду пиразан гоҳ–гоҳ онро гузошта аз балкон ба берун нигоҳ мекард, дурустар гузошта нишаст ва чашм ба берун дӯхт.
Дар рушноии чароғҳои барқӣ дар пеши бино касе набуд, ё дар лаҳзаи аввал ба назари Зӯҳро Шафиевна чунин намуд.
Ниҳоят паси он чинори азим суроберо дид. Дурустар синҷа кард. Ҳа, ду нафаре даст ба гардани ҳам, не дурустараш дасти духтарак дар гардани ҷавон ва дасти ҷавон дар камарбанди духтар ҳалқа шуд.
– Чӣ бешармие, ҷавонҳои ин замона шарму ҳаёро ҳам аз даст додаанд,– зери лаб ғунгос зад ӯ ва гумон кард, ки духтар набераи худаш аст.
«Ҷавонҳои ин замона ба худат дастовез ҳам намешаванд» – нидо омад аз вуҷудаш.
Дарун – дарун бисӯхт, вале эътирозе накард, ба сухани ҳақ чӣ ҳам метавон гуфт. Агар он ҳама ишқварзию муҳаббатҳои сарироҳии хешро рӯйи чоп оварад, дар даҳ ҷилд китоб онҳоро ғундошта натавонад.
– Эҳ, давраи ҷавонии ман беҳтар гузашт, афсӯс, ки аз он ҳусни зебою қомати расо нишоне намонда. Дар замонаш бо як нигоҳ морро аз хонааш бурун меовардам, мард он тараф истад.
– «Барои ҳамин ҳам пир шудию харидоре туро пайдо нашуд» – боз шунид нидои дили худ.
– «Ба ман озодӣ писанд буд, рафту агар ман аз пайи оилаву рӯзгор мешудам ба мактаби партиявӣ рафта метавонистам»?
– «Оила бунёди ҷомеа аст ва кулли занҳое, ки дар мансабу вазифа чанд зина аз худат болотар буданд, соҳиби хонаю дари обод буданд»…
«Хоҳиш мекунам, ки маро ба ҳоли хеш гузоред, бе шуру валвалаи шумо ҳам дилам хиҷил. Эй кош Субҳия тезтар меомаду маро аз чанголи шумо роҳзанҳо раҳо мекард».
Дилдодагон аз сояи он чанори азим берун шудаву ба тарафи роҳи калон ҳаракат карданд. Акнун духтар аз оринҷи ҷавон дошта, ба ӯ ҷафс шуда буд. Онҳо байни худ суҳбати хосае намуда, дар кӯчаи беодам ба самти роҳи калон рафтанд. Дар рушноии чароғи пеши бино ӯ ба ҳарду дилдода дурустар зеҳн монд, вале онҳоро нашинохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё