Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Овозаҳо ҳаст, ки гӯё ӯ дар интиқоли маводи мухадир даст дошта будааст, ҳамчунин милиса шуда ба шантажи одамон дасту остин барзадааст ва аз ҳама айёнаш он ки аксари мардум акси урёни вайро дар лаби кадом як баҳри калоне дидаанд.
– Шумо бошед бовар кардед?
– Чӣ гӯям?
– Росташро.
– Ман он расмро бо чашми худ дидам.
– Чӣ вай аз қабилаи нудусҳо9 буд, ки бо тани урён акс гирифтааст.
– Ӯ бо либоси оббозӣ дар лаби баҳр дар оғӯши ҷавоне акс гирифтааст.
Маҳз ҳамин акс сабаб гашту писари ҳамсояашон, ки нияти бо вай издивоҷ кардан дошт, аз ӯ рӯй гардонд. Албатта, дигар кас ҳам ба ҷойи Маҳмуд мешуд, чунин рафтор мекард...
– Маҳмуд ҳоло дар куҷост?
– Дар Чанор.
– Фамилияаш?
– Маҳмуди Сайф.
– Муносибати Беназир бо аҳли оилаашон чӣ хел буд?
– Намедонам. Беҳтар мешуд дар ин бора аз Маҳмуд мепурсидед. Онҳо қариб, ки ҳамсояи дар ба деворанд.
– Ба гумон аст, ки Маҳмуд баъди корнамоиҳои Беназир дар бораи вай гапи ростро гӯяд.
– Ӯ марди бузургест, марде, ки номашро танҳо бо ҳарфи калон бояд навишт. Ба замми ин ӯ баъди корнамоиҳои Беназир бо дигар кас издивоҷ намуд ва акнун соҳиби писарча аст.
– Расмро ба вай кӣ нишон додааст?
– Намедонам, касе тариқи мактуб онро бо почта фиристодааст.
– Бо почта?
– Ҳа, тариқи почта.
– Шояд ана ин касро шиносед,– гӯён ман расми дигарро аз ҷайбам бароварда ба дасти ронанда додам.
– Чун мо аллакай дар даромадгоҳи Чанор расида будем, ӯ лаҳзае автомашинаашро боздошта, ба он расм зеҳн монд...
– Ана ин мардро мешиносам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор