Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту агар шумо дар вақташ...
– Чаро суханатонро буридед?
– Аз гуфтан ногуфтанам беҳтар аст.
Ман аз ҷузвдон расми Беназирро бароварда, дар мадди тамошои худ қарор додам. Шояд ин амали банда таваҷҷӯҳи ронандаро, ки чашм аз роҳ намеканд бедор намуд, ки гуфт:
– Дидан мумкин.
– Чаро не? – гуён ман расмро ба дасти ронанда додам, ҳарчанд медонистам, ки ин амали бар хилофи қоидаҳои маъмули роҳ аст, вале бандаро мақсаду мароми дигаре дар сар буд ва ба ҳамин хотир.
Ӯ бо дасти чапаш чанбаракро дошта, бо дасти росташ расмро медошт ва гоҳ – гоҳ нигоҳашро ба сӯйи ҳамин коғази безабон медӯхт. Дар он лаҳзаҳо ӯро чӣ фикру хаёле дар сар буд, ман нафаҳмидам, вале як чиз муссалам буд, ки вай нисбат ба ҳамин расм бе тафовут нест. Ниҳоят ӯ расмро ба сӯйи ман дароз намуда, дасти росташро ҳам болои чамбарак гузошта гуфт:
– Вай дигараш кист?
– Намедонам.
– Гумон доред, ки чанориён ӯро мешиносанд?
– Киро?
– Ҳамон духтараки ҳамроҳи Беназир бударо.
– Банда ба ҳамин умед мебандам.
– Шумо оид ба марги Беназир чӣ гуфта метавонед?
– Қариб, ки ҳеҷ чиз.
– Ҳоло як сухан бисёр муд шудагӣ, рафту шумо ҳам…
– Кадом сухан?
– Ба хотири махфияти тафтишот аксаран аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ мекунанд.
– Мо бошем то кунун нуги гиреҳеро дар ин самт ба даст наовардаем.
– Яъне ягон махфият нест?
– Дар айни вақт нест.
– Аз қафои шахси фавтида сухани бад гуфтан хуб нест, вале дар бораи Беназир андешаҳои мухталиф хело зиёданд.
– Чӣ хел?

пешина
аз 515
навбатӣ