Ҳафтахтар Ҷилди 3

Фалакро то камон бе зеҳ нагардад,
Шикори кас дар ӯ фарбеҳ нагардад.
Гавазнеро, ки раҳ бар шер бошад,
Гиё дар зери по шамшер бошад.
Ту эмин чун шудӣ бар мондани хеш,
Ки дорӣ бод дар пас, чоҳ дар пеш,
Мабош эмин, ки ин дарёи хомӯш
Накарда-ст одамӣ хӯрдан фаромӯш…
Ҷаҳон он беҳ, ки доно талх гирад,
Ки ширинзиндагонӣ талх мирад.
Касе, к-аз зиндагӣ бо дарду доғ аст,
Ба вақти марг хандон чун чароғ аст.
Сароне, к-аз чунин сар пурфусӯсанд,
Чу гул гарданзанонро даст бӯсанд,
Агар воиз бувад, гӯяд, ки чун коҳ
Ту бифкан, то манаш бардорам аз роҳ
В-агар зоҳид бувад, садмарда кӯшад,
Ки ту берун кунӣ, то ӯ бипӯшад.
Чу н-омад дар ҷаҳон поянда чизе
Ҳама мулки ҷаҳон н-арзад пашизе.
Раҳоварди адам раҳтӯшаи хок
Сиришти софӣ омад гавҳари пок.
Чунин гуфтанд доноёни ҳушёр,
Ки неку бад ба марг ояд падидор.
Басо зан ном, к-он ҷо мард ёбӣ,
Басо мардо, ки рӯяш зард ёбӣ.
Худовандо, чу ояд пой бар санг,
Фитад киштӣ дар он гирдобаи танг,
Низомиро ба осоиш расонӣ,
Бибахшиву ба бахшоиш расонӣ!
НИШАСТАНИ ШИРИН БА ПОДШОҲӢ
Чу бар Ширин муқаррар гашт шоҳӣ,
Фурӯғи мулк бар маҳ шуд зи моҳӣ.
Ба инсофаш раъият шод гаштанд,
Ҳама зиндониён озод гаштанд.
Зи мазлумони олам ҷавр бардошт,
Ҳама оини ҷавр аз давр бардошт.
Зи ҳар дарвозае бардошт боҷе,
Наҷуст аз ҳеҷ деҳқоне хироҷе.
Мусаллам кард шаҳру русторо,
Ки беҳтар дошт аз дунё дуоро.
Зи адлаш боз бо теҳу шуда хеш,
Ба як ҷо об хӯрда гург бо меш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё